Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷиро, ки ба аввали моҳи март дар қаламрави Русия қарор доштанд, интишор намуд.
Маълумоти оморӣ оид ба шаҳрвандони 230 кишвар ва ҳамчунин афроди бидуни шаҳрвандӣ ва шаҳрвандони бидуни мақоми муайян пешниҳод гардидааст.
Бино ба маълумоти мазкур, ба ҳолати 2-юми марти соли 2014 ҳудуди 1 млн. 34 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштаанд, ки тақрибан 854 ҳазор нафарашонро мардон ва беш аз 180 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Дар муқоиса бо маълумот ба аввали моҳи декабри соли гузашта шумори шаҳрвандони тоҷики дар қаламрави Русия қарордошта тақрибан 77 ҳазор нафар (72 ҳазор нафар мардон ва 5 ҳазор нафар занон) кам шудааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, соли 2013 ҳудуди 800 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати кориро ихтиёр намудаанд.
«Соли сипаришуда зиёда аз 964,5 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар сафар намудаанд, ки ҳудуди 800 ҳазор нафарашонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд ва шумори занон дар ин саф қариб ба 101 ҳазор нафар баробар аст», - қайд мекунанд дар хадамот.
Гуфта мешавад, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон – беш аз 788,5 ҳазор нафар муҳоҷирати корӣ дар Русияро ихтиёр намудаанд. Қазоқистонро ҳудуди 8,6 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ макони кори муваққатии худ интихоб кардаанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста