Дар ҷараёни сафари кории дуюми имрӯз оғозгардидаи нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ба минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ӯ бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Восеъ ва Кӯлоб шинос шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов иттилоъ дод, сафари аввали нахуствазир ба минтақаи Кӯлоб рӯзи 21-уми январи соли ҷорӣ хеле пурмаҳсул анҷом пазируфт.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра 1 млн. сомонӣ маблағ ба ихтиёри шаҳр ворид гардида, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба амалисозии ду лоиҳа дар қитъаҳои дорои хатари селфароӣ дар маҳаллаҳои аҳолинишини Даҳана ва Ҳоҷӣ Исҳоқи ноҳияи Кӯлоб оғоз намуд. «Пас аз шиносоии бевосита бо рафти корҳо дар ин иншоот, Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо ҷараёни корҳои барқароркунӣ дар бозори марказии «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб пас аз сӯхтор низ аз наздик ошно мегардад», - иброз дошт номбурда.
Раиси шаҳри Кӯлоб мегӯяд, корҳои сохтмону барқароркунӣ дар бозори мазкур то 16-уми март комилан ба анҷом расида, 635 нафар ҷабрдидагон муддати 1 сол аз пардохти ҳаққи ҳама гуна хизматгузориҳои бозор ва ҳамчунин аз пардохтҳои андоз дар давраи аз фаъолият бозмондан озод карда мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста