Аз 3 то 8-уми марти соли равон дар ТҶ «Хома» тренинги аввалин оид ба тележурналистика дар доираи лоиҳаи «Маркази рушди маълумоти журналистӣ» баргузор мешавад, ки бо дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Бино ба маълумоти иттилоияи расида аз ТҶ «Хома», мактаби журналистикаи телевизионӣ яке аз бахшҳои лоиҳа ва заминаи омӯзиши алтернативӣ барои журналистон ва наворбардорон, дизайнерон ва кормандони студияҳои телевизионӣ мебошад, ки ба ҳалли масъалаи норасоии кадрҳо дар соҳаи ВАО-и ватанӣ равона шудааст.
Дар тренинг 20 журналист ва наворбардорону танзимгарони ҷавон аз телевизионҳои давлатӣ ва мустақили кишвар (Хатлон, Бадахшон, Суғд, НТҶ ва Душанбе) иштирок мекунанд. Синну соли миёнаи иштирокчиён 22-25 сола мебошад. Давоми 6 рӯз гурӯҳи журналистону наворбардорон ташкили кор ва истеҳсоли ахбор, банақшагирии ҷараёни наворбардорӣ, сохтани гузоришҳои иттилоотӣ, асосҳои маҳорати наворбардорӣ ва танзим, композитсияи кадрҳо, сабти синхрон, банақшагирии мусоҳиба ва дигар самтҳои муҳими тележурналистикаро меомӯзанд.
Иштирокчиёни тренинг ба гурӯҳҳои эҷодӣ ҷудо шуда, сюжетҳои иттилоотии комил месозанд, ки дар натиҷагирии даври аввали лоиҳа ҳамчун маводи санҷишӣ ҳисобида мешаванд.
Дар оғози кори тренинг наворбардори бахши форсии ВВС Мухамед Норов якчанд сюжетҳои ба эфир баромадаи ин шабакаи трансмиллиро намоиш дод, ки ифодагари меъёрҳои касбии кори ин васоити ахбори омма буданд. Норов муҳим будани ҳамкории зичро миёни журналист ва наворбардор дар вақти банақшагирӣ ва наворбардорӣ таъкид намуд.
Тренерон Зайнулобиддин Восехов ва Озод Маликов, ки таҷрибаи бои наворбардорӣ доранд, ба иштирокчиёни тренинг оид ба асосҳои кор бо видеокамера ва рӯшанидиҳӣ маълумоти васеъ доданд.
Ба ғайр аз тамошо ва муҳокимаи муфассали маводи видеоӣ, бештари кори тренинг аз корҳои амалӣ бо истифода аз техникаи замонавии касбӣ вобаста аст.
Интизор меравад, ки хатмкунандагони тренинги аввалин дониши амиқро оид ба ибораи танзимӣ, истифодаи дурусти меҳвари оптикӣ ҳангоми сабти навор ва рӯшаниро аз худ мекунанд.
Ҳамзамон маводи видеоии худи иштирокчиён, ки дар доираи озмуни интихобӣ пешкаш шуда буданд, муҳокима мегарданд.
Бояд қайд кард, ки дар доираи лоиҳаи «Маркази рушди маълумоти журналистӣ» гузаронидани омӯзиш барои журналистони чандрасонаӣ ва наворбардорони студияҳои телевизионӣ дар назар аст. Инчунин бори аввал дар Тоҷикистон гурӯҳе ташкил меёбад, ки дар доираи лоиҳаи мазкур асосҳои дизайни графикаи телевизиониро меомӯзад.
ТҶ «Хома» дар миёни ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо рушди ВАО вобаста аст, ягона созмонест, ки соҳиби иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ оид ба ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти таълимӣ мебошад. Аз ин лиҳоз иштирокчиёни фаъоли лоиҳа, ки тули 8 моҳ бо омӯзиш фаро гирифта мешаванд ва ҳамаи даврахои онро бомуваффақият мегузаранд, соҳиби сертификати дорои мақоми давлатӣ мегарданд. Ду нафар иштирокчиёни беҳтарини лоиҳа ба яке аз ширкатҳои телевизионии хориҷӣ барои таҷрибаомӯзӣ сафарбар мешаванд.
Маълумотнома: Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» соли 2003 аз ҷониби журналистони ҳаммаслак таъсис ёфтааст. Вусъат бахшидан ба кори ВАО чопӣ ва электронӣ ҳадафи асосии ташкилот ба ҳисоб меравад. ТҶ «Хома» дар самти баландшавии сатҳи касбии журналистон ва васеъшавии дониши ҳуқуқии кормандони ВАО фаъолият мекунад. Тавассути тренингҳои амалӣ ташкилот ба рушди журналистикаи иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста