Рӯзи 4 марти соли 2014 муовини Вазир Ҳиггинботтом ҷоизаи Байналхалқии Вазорати корхои хориҷӣ  ҷоизаҳои Департаменти ИМА– “Шуҷоати зан” дар соли 2014-ро ба 10 зани барҷаста аз 10 кишвари дунё супорид.

Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, бонуи Аввал Мишел Обама, ҳамчун меҳмони махсус бо муовини Вазир Ҳиггинботтом ва дорандагони ҷоиза дар маросими пагоҳирузӣ дар Вазорати корхои хориҷӣ ширкат варзид.

Ҷоизаи Байналхалқии Вазорати корҳои хориҷӣ “Шуҷоати зан” ҳамасола занонеро эътироф менамояд, ки дар ҷодаи ташвиқи сулҳ, адолат, ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон шуҷоати беандоза ва роҳбариятро бо вуҷуди зери хатар қарор гирифтанашон, нишон медиҳанд.  Аз оғози пайдоиши ҷоизаи мазкур дар соли 2007, Вазорати корҳои хориҷӣ  беш аз 76 занро дар 49 давлати дунё қадрдонӣ намудааст.

Ҷоизадорони соли 2014 инҳоянд: Доктор Насрин Оряхил, Мудири таваллудхонаи “Малалай” дар Кобул (Афғонистон), хонум Рошика Део, Тарафдори ҳуқуқи занон ва фаъоли сиёсӣ (Фиҷи), усқуф Русудан Готсиридзе, Усқуфи Калисои Евангилии Баптистии Гурҷистон (Гурҷистон), доктор Ирис Ясмин Барриос Агуилар, Президенти трибунал - суди олӣ (Гватемала), Лаксмӣ, Ҳаракатчии “Манъи ҳамла бо кислота” (Ҳиндустон), хонум Фатимата Туре, фаъоли ҷамъиятӣ ва мудири иҷрокунанда (Малӣ), доктор Маҳа Ал Муниф, Асосгузор ва мудири иҷрокунанда, Барномаи миллии бехатарии оила (Арабистони Саудӣ), хонум Ойниҳол Бобоназарова, Раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива+” (Тоҷикистон), хонум Руслана Лижичко, фидоии Евромайдон ва сарояндаи халқии Украин (Украин) ва хонум Биатрис Мтетва, Вакили ҳуқуқи башар (Зимбабве).

Баъди маросими тақдими ҷоиза ва мулоқот бо шахсони расмии ҳукумати ИМА ва шарикони ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар Вашингтон, гурӯҳи ҷоизадорон ба шаҳри Питсбург сафар мекунанд. Баъдан сафари онҳо ба якчанд шаҳрҳои Иёлоти Муттаҳида бо мақсади мулоқот бо мардуми Амрико дар чорчӯбаи “Барнома барои меҳмонҳои хориҷӣ” идома меёбад.  Тариқи барномаи алоҳида, онҳо ба Денвер, Дес Мойнес, Индианаполис, Портланд, Даллас, Миннеаполис ва Сиракуз ташриф хоханд овард. Занон бо мақсади ибрози фикру андешаи худ аз сафари мазкур ва баррасӣ намудани роҳҳои ҳамкорӣ ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи зиндагии занон ва духтарон дар саросари ҷаҳон бори дигар дар Чикаго во мехӯранд.