Дар арафаи рӯзи Модар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор намуд, ки ба мавзӯи «Раванди татбиқи Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011- 2015» бахшида шуда буд .
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамот, дар конфронс намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират иштирок дошта, Сардори Раёсати рушди иқтисодии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Туманова Гулҷаҳон Абдуфаттоевна намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати молия, Вазорати тандурустӣ, Вазорати маорифи ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оила ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ даъват шуда буданд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ С.Тағоева нахуст дар хусуси дигаргуниҳо, аз ҷумла, шомил шудани Хадамоти муҳоҷират ба сохтори вазорат, оид ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, фаъолияи Хадамоти муҳоҷират ба ҳозирин маълумот дода, оид ба ҷараёни татбиқи Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҶТ ба хориҷа барои солҳои 2011 2015 маърӯза намуд.
Иҷрои Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҶТ ба хориҷа барои солҳои 2011 2015 ҳуҷҷати муҳим ҷиҳати татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими раванди муҳоҷират ва воситаи ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа мебошад.
Дар ҷараёни конфронс намояндаҳои ҳар як вазорату идораи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати молия, Вазорати тандурустӣ, Вазорати маорифи ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оила ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ, баромад намуда, корҳои анҷомдодаашонро оид ба иҷрои бандҳои Стратегияи мазукур маърӯза ва ҳисобот доданд. Дар конфронс, аз ҷумла, намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ дар ҶТ, Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар ҶТ ширкат намуда, оид ба ӯҳдадориҳои худ дар иҷрои стратегияи мазкур ҳисобот доданд.
Дар интиҳои конфронси илмӣ амалӣ ҳозирин нисбати баррасӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта нисбати иҷроиши Стратегияи Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҶТ ба хориҷа барои солҳои 2011 2015 саволу ҷавоб ва мубоҳиса сурат гирифт.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста