Анонс
- Дар остонаи ҷашни Рӯзи модарон радиои «ASIA-Plus» таҳти унвони «Восьмая Марта» як лоиҳаи махсус роҳандозӣ мекунад. Муддати тамоми рӯз ровиён занони хушиқболу хуштолеъ ва бахусус чаққону зебо бо номи Мартаро муайян мекунанд. Вале чун ин ном аҳёнан вомехӯрад, бонувон шартан чунин номида мешаванд. Аз ин рӯ, занонро ҳатман зарур нест, ки Марта ном дошта бошанд. Муҳимаш дар вақти зарурӣ ва дар ҷойи зарурӣ якум будан аст. Кумак аз мову фаврият аз Шумо. Вақти оғози аксия – соати 08:00-и субҳ. Имкони соҳиби туҳфа шудан, табъи болида гирифтан ва ширкат дар ҷашни зеборо аз даст надиҳед!
Қурби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.8088 сомонӣ;
1 евро - 6.5319 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1332 сомонӣ.
Як рӯзи таърих
1876 — Александр Белл барои ихтирои телефон патент гирифт.
1904 – Зодрӯзи наворбардор ва коргардони кино, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Василий Кузин.
1922 – Мавлуди Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Зулфия Баҳриддинова.
1938 – Зодрӯзи доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯра Латифов.
1952 – Мавлуди арбоби давлатӣ Назарбегим Муборакшоева, аз соли 2000 то соли 2004 – муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ.
Вазъи обуҳаво
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, каме борон меборад.
Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +13+15.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +11+13.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, каме борон меборад.
Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +17+19.
Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, каме борон меборад.
Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +14+16.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, каме барф меборад.
Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +5+7.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста