Комиссия оид ба ҷоизаҳои Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон аз озмуни навбатӣ миёни журналистон барои дарёфти ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ натиҷагирӣ кард.
Озмун аз рӯи 4 номинатсия – маводи беҳтарин дар ВАО-и чопӣ, маводи беҳтарини телевизионӣ, маводи беҳтарин дар барномаи телевизион ва радио ва маводи беҳтарини таҳқиқоти илмии журналистӣ – дастури таълимӣ барои журналистон гузаронида шуд.
Ба иштирок дар озмун танҳо аъзои Иттиҳод ҳуқуқ дошта, довталабон ба комиссияи озмун маводи дар матбуоти чопӣ нашршуда ё дар барномаҳои телевизиону радио садододаву ба намоиш гузоштаро пешниҳод карданд.
Ҷоиза барои маводи беҳтарин дар ВАО-и чопӣ ба намояндаи нашрияи «Чашмаи ҳаёт» Гул Шарифов ва ба хабарнигори газетаи «Садои мардум» Ҳусейни Нарзулло барои як силсила мақолаҳо дар мавзӯи экология, ҷоиза барои маводи беҳтарин дар барномаи радио ва телевизион ба хабарнигорони Шабакаи аввали телевизион Ғайратшоҳи Аҳмадзод ва Моҳсафар Яҳёева, корманди радиои Тоҷикистон Алихон Зарифӣ ва ҷоиза барои маводи беҳтарини таҳқиқоти илмии журналистӣ – дастури таълимӣ барои журналистон ба Мирзоалӣ Ҷӯраев тақдим карда шуданд.
Маросими тақдими ҷоизаҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба ғолибон имрӯз, санаи таҷлили ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста