Агентии «Тоҷикстандарт» намояндагони корхонаҳои истеҳсолии Хатлонро бо усулҳои гузаштан ба стандартҳои байналминалӣ меомӯзонад.
Бино ба гуфти сармутахассиси шуъбаи мененҷменти сифати Агентии «Тоҷикстандарт» Ситора Шерова, тибқи супориши директори агентӣ барои кормандони марказҳои «Тоҷикстандарт» дар минтақаҳо ва намояндагони корхонаю ширкатҳои истеҳсолкунанда як силсила семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуда истодаанд.
«Дар семинари имрӯза дар шаҳри Қӯрғонтеппа 15 нафар мутахассисон бо усулҳои гузариш ба стандартҳои байналминалӣ, аз ҷумла мененҷменти сифат, сифати бехатарии маҳсулот «HACCP» ва сифати «Ҳалол» аз наздик ошно мегарданд. Семинар муддати се рӯз давом хоҳад кард», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфти Ситора Шерова, то ба имрӯз 80 корхонаю ширкатҳои истеҳсолӣ соҳиби сертификатҳои байналминали шудаанд ва 25 ширкату корхонаҳои дигар ба агентӣ оид ба гирифтани чунин сертификат дархост пешниҳод намудаанд.
Аскар Соҳибназаров, муовини директори маркази стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои Қӯрғонтеппа мегӯяд, 22 корхонаю ширкатҳои Хатлон барои гирифтани сертификатҳои байналминалӣ, аз ҷумла сертификати «Ҳалол» дархост пешниҳод кардаанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста