Дар остонаи фарорасии Наврӯз, рӯзи 19-уми март маросими ифтитоҳи бинои нави мактаби №8-и пойтахт доир мегардад, ки моҳи октябри соли 2012 кӯчонида шуда буд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати маорфи шаҳри Душанбе хабар дод, дар маросими ифтитоҳи бинои нави мактаб иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва вазири маориф ва илми ҶТ Нуриддин Саидов дар назар аст.
«Пас аз таҷлили ҷашни Наврӯз машғулиятҳо дар мактаб оғоз мегарданд. Бинои нави мактаб барои таҳсили 1 ҳазору 354 толибилмон дар як баст пешбинӣ шуда, шумори умумии хонандагони мактаб 1 ҳазору 652 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамаи толибилмону омӯзгороне, ки замони дубора сохтани бино дар мактабҳои дигар таҳсилу кор мекарданд, ба мактаби нав баргардонида мешаванд», - гуфтанд дар Раёсати маорифи шаҳр.
Зимнан зикр гардид, ки аз нигоҳи муҷаҳҳаз будан бо асбобу лавозимот ва тарҳи бино имрӯз ин бинои мактаб ягона дар пойтахт аст. «Корҳои сохтмони бинои нави мактаб аз ҷониби ҶДММ «Тоҷсохтмон Байналмилал» бо фармоиши Раёсати сохтмони асосии шаҳрдории Душанбе анҷом дода шуд», - афзуд манбаъ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста