Дар пойтахти Тоҷикистон иди Наврӯз муддати 5 рӯз пуршукӯҳ таҷлил мегардад.
Истиқболу таҷлили бошукуҳи Иди Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе 21 марти соли 2014 аз мушакпарронии идона дар Боғи «Ғалаба» ва ҳаракати корвонҳои шодӣ аз боғи мазкур (ноҳияи Шоҳмансур), пояи муҷассамаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (ноҳияи Исмоили Сомонӣ), пояи муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ (ноҳияи Фирдавсӣ) ва пояи муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино (ноҳияи Сино) бо баҳамомадан дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва воридшавӣ ба Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» оғоз мегардад.
Дар «Наврӯзгоҳ» барои сокинону меҳмонони пойтахт намоиши театрикунонида пешкаш крада мешавад, ки режиссер-таҳиягари он Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов мебошад.
Ду рӯзи минбаъда дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ дар сатҳи маҳаллаву ноҳияҳои пойтахт чорабиниҳои идона ва сайругашти оммавӣ баргузор карда мешаванд. Рӯзҳои 24-25-уми март дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт мусобиқот оид ба гӯштини миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ доир карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки имсол таҷлили ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон 6 рӯз – аз 21 то 26-уми март идома ёфта, ҳамаи ин рӯзҳои истироҳат мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста