Ба иттилои шоҳидон, кормандони милисаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбати ҳафт сокини ноҳияи Рӯшон аз қуввваи ҷисмонӣ истифода бурда, яке аз онҳо бо ҷароҳатҳои вазнини сутунмӯҳра дар бемористон бистарӣ шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз шоҳидони воқеъа хабар дод, санаи 18-уми март кормандони милиса таҳти роҳбарии сардори раёсат Файзулло Нозимов савори се автомашина каме дуртар аз маркази ноҳия автомашинаи сокинони маҳаллиро боздошт намудааанд. Дар автомашина чор сокини ноҳияи Рӯшон – Худоёр Сардорови 24-сола ва бародарон Темуровҳо – Алиҷон, Шералӣ ва Алим қарор доштаанд.
«Кормандони милиса онҳоро гунаҳкор кардаанд, ки ба гузаштани мошини онҳо монеъа эҷод кардаанд ва онҳоро мавриди таҳқиру лату кӯб қарор додаанд. Ба автомашинаи сокинон аз автомати «Калашников»-и кормандони милиса тир холӣ шуд», - ҳикоя кард манбаъ.
Ба қавли шоҳидон, Х.Сардоровро пас аз лату кӯби тӯлонӣ ба дарё партофтаанд, вале хушбахтона, бинобар сабаби камобии дарё дар ин мавсим ӯро, ки беҳуш будааст об бо худ набурдааст. Хешону наздикони аз деҳаи Вамар ҳозиршуда Худоёрро аввал ба беморхонаи ноҳия ва сипас ба беморхонаи вилоят бурдаанд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 19-уми март дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Рӯшон ҳудуди 400 нафар сокинони маҳаллӣ гирдиҳам омада, муҷозоти сардори Раёсати ВКД ВМКБ ва кормандони милисаи ҳамроҳи ӯро талаб кардаанд.
Дар натиҷаи вохӯрӣ бо намояндагони ҳукумати вилоят тасмим гирифта шудааст, ки бо ариза ба прокуратура муроҷиат карда шавад. Дар ариза бобати истифодаи ғайриқонунии аслиҳа, суистеъмол аз мансаб ва риоя накардани фармони президент дар бораи манъи бо аслиҳа дар маҳаллаҳои аҳолинишин гаштугузор кардан сухан меравад.
Ба сокинони ноҳия боз кардани парвандаи ҷиноӣ нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ваъда кардаанд, аммо онҳо дар ташвишанд, ки боз ҷабрдидагон дар курсии айбдорӣ қарор хоҳанд гирифт, зеро чандин маротиба дар ҳодисаҳои ба ин монанд бо иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳз ҳамин ҳолат ба амал омада буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста