Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба вазъияти экологии кишвар, аз ҷумла «Тавзеҳот ба лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумон, бо мақсади ҷалби ҷомеа дар раванди қабули қарор оид ба қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо дастгирии дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳрҳои бузурги кишвар муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаи Кодекси экологӣ гузаронида шуд.
«Имрӯз андешаву эродҳои мутахассисони ватанӣ ва коршиносони бахши экология оид ба лоиҳаи кодекс шунида шуданд, ки минбаъд зимни баррасии он дар парлумон ба инобат гирифта мешаванд», - омадааст дар хабар.
Ба иттилои манбаъ, дар лоиҳаи Кодекси экологӣ дақиқан таъкид мешавад, ки сарфи назар аз шакли моликият, ҳукумати кишвар корхонаҳои истеҳсолиеро, ки маҳсулоти тоза экологӣ истеҳсол мекунанд, дастгирӣ мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста