Дар барномаи «Пусть говорят»-и шабакаи аввали телевизиони Русия дар бораи муҳоҷири кории тоҷик Қиёмиддин Юнусов, ки 12 сол пеш бо Олга Хрипченко аз шаҳри Кемерово оила барпо кардааст, навореро намоиш доданд.
«Барои шахси дӯстдоштааш ин зан исломро қабул мекунад. 4 сол қабл Қиёмиддин зани руси худро партофта, бо роҳи фиреб писарашон Иляро бо худ ба Тоҷикистон мебарад», - оғоз мекунад шореҳи барнома Андрей Малахов.
Ба гуфтаи ӯ, баъди чанде Қиёмиддин бо духтари тоҷик издивоҷ карда, дар Тоҷикистон номи Иляро ба Мусофир иваз мекунад ва акнун ӯ на Олга Хрипченко, балки моиндараш Гулзираро модар ном мебарад.
Зимни ибрози андешаҳои пурҷӯшу хурӯш дар ин бора Андрей Малахов зикр мекунад, ки тибқи маълумоти расмӣ, соли 2012 тоҷикон бо русҳо 12 ҳазор тӯйи арӯсӣ барпо кардаанд. Меҳмонони барнома тасдиқ мекунанд, ки тоҷикон русҳоро истифода карда, сипас онҳоро мепартоянд ва аз ин рӯ, таҷриба гувоҳи он аст, ки ҳодисаҳои ҷудошавӣ кам намешаванд.
«Тибқи маълумоти омории Созмони байнулмилалии муҳоҷират, ҳар тоҷики сеюме, ки барои кор ба Русия меравад, дигар ҳеҷ гоҳ ба хонааш барнамегардад. 90%-и тоҷикон дар Маскав ва вилоят, 5% дар Питер ва боқимонда дар Поволже ва Шарқи Дур маскун мешаванд. Ва имрӯз аз рӯи шумори занҳои партофта Тоҷикистон дар мақоми аввал дар ҷаҳон аст, ҳатто аз Мексика ҳам пеш гузаштааст», - маълумот медиҳад Малахов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста