Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба буҷети шаҳр дар соли равон қарор қабул шуд.
Маҷлиси вакилони халқ қарор кард, ки қисмати даромади буҷети шаҳр аз 60 млн. 377 ҳазору 838 сомонӣ то ба 64 млн. 877 ҳазору 838 сомонӣ, яъне ба миқдори 4,5 млн. сомонӣ афзуда шавад.
Ба иттилои як манбаъ аз ҳукумати шаҳр, аз 4,5 млн. сомонии маблағи зиёдшуда тақрибан 1 млн. сомонӣ барои таъмиру дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард, боз 1 млн. сомонӣ барои сохтмон, 500 ҳазор сомонӣ барои поксозии чоҳу заҳбурҳо ва 2 млн. сомонӣ ба бахши коммуналии шаҳр равона мегардад.
Қобили зикр аст, ки соли 2014 шаҳри Қӯрғонтеппа ба буҷети вилояти Хатлон 14 млн. 661 ҳазору 855 сомонӣ маблағ ворид намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста