Чанде қабл дар шаҳри Исфара вохӯрии пешвоёни ғайрасмии ҷамоати Ворухи Тоҷикистон ва деҳаи наздимарзии Оқсойи Қирғизистон доир гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, ин мулоқот бо ташаббуси мақомоти давлатии ноҳияҳои ҳарду кишвар барпо гардида, дар он аз ҳарду ҷониб 15 нафарӣ пешвоёни ғайрирасмӣ ҳузур доштаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар вохӯрӣ ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, сардорони Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд ва вилояти Ботканд, имомхатибони масҷидҳои намози ҷумъаи шаҳрҳои Исфара ва Ботканд ва намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ иштирок кардаанд.
«Зимни суханронӣ назди ҳозирин Ш.Хайруллоев зикр кард, ки ҳама гуна мушкилоту масоиле, ки дар қитъаҳои баҳсноки марз ба вуҷуд меоянд, ҳатман дар сатҳи ҳукуматҳо ҳаллу фасл шуда, аҳолӣ ва пешвоёни ғайрирасмӣ бояд ба ҳамзистии осоиштаи мардуми бо ҳам дӯсти тоҷику қирғиз мусоидат кунанд», - иброз дошт манбаъ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста