Мавзӯи забони тоҷикӣ ва риояи меъёрҳои он чандест, ки миёни хонандагони сомона ва ҳафтаномаи «Азия-Плюс» яке аз масоили мубрам ва баҳсбарангез гаштааст.
Хабаргузории “Азия-Плюс“ бо раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода сӯҳбате дар ин мавзӯъ орост.
- Имрӯз таъсири ҷаҳонишавӣ ба раванди иқтибоси калимаҳо аз забонҳои дигар дар ҳамаи кишварҳо эҳсос мешавад. Вазъият дар Тоҷикистон чӣ гуна аст? Имрӯз дар забони тоҷикӣ (Тоҷикистон дар назар аст) ҳудудан чанд калимаи хориҷӣ ё иқтибосӣ мавриди истифодаи омм қарор гирифтааст?
- Ҷаҳонишавӣ равандест, ки таъсири онро имрӯз ҳеҷ кас нодида гирифта наметавонад. Яке аз ҷанбаҳои раванди ҷаҳонишавӣ им масъалаи забон аст. Масъалаи мазкур низ хеле мавзӯи мураккаб буда, роҷеъ ба он ҳам дар васоити ахбори омма ва ҳам дар осори олимону муҳаққиқон андешаҳои судманде иншо гардидаанд. Ҳаминро гуфтан кифоя аст, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои соҳибкитоби оилаи ҳиндуаврупоӣ буда, ақидахое, ки ин забон имрӯз шакл нагирифтааст, комилан беасос аст.
Забони тоҷикӣ на имрӯзу дирӯз ва на сад солу дусад сол, балки зиёда аз ҳазорсолаҳо пеш аз ин шакл гирифтаву бо ин забон осори бузурге чун «Шоҳнома» ва дигар асарҳои илмиву адабӣ ва фалсафӣ аз ҷониби классикони тоҷик эҷод шудаанд, ки то имрӯз бемисл маҳсуб мешаванд.
- Кумита ҳангоми тарҷумаи калимаҳои хориҷӣ (мисол, сканер, мышка, клавиатура…) ё овонависии калимаҳои иқтибосшуда (мисол, пицца, бургер, лаваш, хот-дог…) ба чӣ асосе такя мекунад? Ба назари Шумо, агар бо мақсади пешгирии воридшавии калимаҳои бегона ба луғати мо шакли тоҷикии калимаҳои иқтибосшуда эҷод шаванд, ин синонимҳо ба осонӣ ба забони мардум менишинанд? Таҷриба чӣ нишон медиҳад?
- Забони тоҷикӣ дар иқтибоси вожаҳо, аз ҷумла истилоҳот аслан таҳти таъсири забонҳои таъсиргузор қарор гирифтааст. Дар забони мо меъёри иқтибоспазирӣ бо риояи қонунҳои савтиёти арабӣ (яъне, калимаву истилоҳоти юнонию лотинӣ шомиланд) ва дар даврони Шӯравӣ бар асоси савтиёти русӣ муқаррар гардидааст. Ҳатто дар истилоҳоту вожагони туркӣ низ савтиёти ин забон бар савтиёти забони тоҷикӣ нуфуз ва бартарӣ пайдо карда буд. Таҷрибаи забонҳои Шарқу Ғарб собит месозад, ки чунин равиш ва меъёр дар мисоли забонҳои миллии дорои собиқаи хаттӣ ва осори адабӣ чандон муҳим арзёбӣ намешавад. Забони миллӣ танҳо дар заминаи истилоҳоти илмӣ густариш меёбад. Ба ин мақсад Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 4 октябри соли 2010 баргузор гардида буд, чунин зикр намудаанд: «Ба вуҷуд овардани истилоҳоти илмӣ вазифаҳои асосии ҳама сохторҳои илмӣ ва кафедраҳои мактабҳои олии кишвар маҳсуб меёбад».
Тарҷумаи калимаву истилоҳоти соҳавӣ аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ ва тарҷумонҳо сурат мегирад. Дар иқтибоси калимаву истилоҳот бояд аз равишҳо ва усулҳои илмӣ бо риояи меъёрҳо ва қолабҳои суннатии вожасозӣ истифода шавад.
Дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Кумита назорат ва хамгунсозии истилоҳотро дар кишвар назорат менамояд.
Бо тарақиёти илму техналогияи муосир ҳазорҳо ҳазор мафҳумҳои нави сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ ба забон ворид шуда истодааст. Воридшавии калимаҳои нав (неологизмҳо) низ талаботи замон буда, ба тамоми забонҳои дунё хос аст. Чунин ақидае комилан ғалат аст, ки гӯё муодили тоҷикии як истилоҳ бори маънии мафҳуми хориҷӣ ё байналмилалиро намекашида бошад. Ин ҷо нотавонӣ дар забон не, балки дар забондонии мост.
Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби мутахассисон истилоҳоти «мышка» ба «мушак», «клавиатура» ба «саҳвакалид, тапишгоҳ», «сканер» ба «пуйиш, нуқтагусорӣ» пешниҳод гардидааст. Истилоҳоти техникӣ, аз ҷумла компютерӣ айни ҳол дар омӯзиш ва баррасии мутахассисони сохавӣ қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки барои истифодаи истилоҳоти хориҷии «пицца, бургер, лаваш, ход-дог» бештар дар асоси маълумоти фарҳангҳои муътабар, забони асл, дар асоси савтиёт ва меъёрҳои таърихии калимасозии забони тоҷикӣ такя карда мешавад.
Мутобиқи қоидахои маъмули истилоҳнигорӣ муҳим нест, ки вожа ё мафҳуме сад дарсад ба маъниву мазмуни истилоҳ мувофиқат намояд. Муҳим он аст, ки мафҳум бояд ифодагари яке аз нишонаҳои асосии истилоҳ бошад.
- Назари Шумо дар мавриди имлои калимаҳое ба монанди унвонӣ (ъунвонӣ), азиз (ъазиз), шоир (шоъир) чист? Хомакашони баъзе аз ВАО-и тоҷикзабон дар дабираи сирилик низ дар миёни ду садонок айн мегузоранд. Яъне, мо хоҳему нахоҳем, муштариёни рӯзномаву маҷаллаҳо ба ин дугунагӣ рӯ ба рӯ шуда истодаанд. Суоле ба миён меояд, имрӯз киҳо қоидаи имлоро дар забони тоҷикӣ муайян мекунанд? Мо бояд пайравӣ аз шакли навиштори оммавии ин ё он калима кунем ё баръакс омма бояд қоидаҳоеро, ки сохтори мушаххас – Кумита муайян мекунад, ба инобат гирад?
- Дар мавриди имлои калимаҳои, аз қабили «унвони» (на ъунвонӣ) «азиз» ва «шоир» ҳаминро гуфтан ба маврид аст, ки қоидаи имлои ҳарфи «ъ» дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» мушаххас оварда шудааст ва ба шарҳи бештар ниёз надорад. Риояи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» барои ҳамагон ҳатмист. Худсарӣ дар масоили имло кори оқилона нест. Он аз тарафи олимони забоншиноси муассисаҳои илмиву таълимӣ таҳия гардидааст. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои онро дар асоси қисми 6 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ назорат менамояд.
- Ҳоло як мавҷи ҷадиди тоҷикисозии насабҳо дар кишвар ба назар мерасад. Шумо ҳам дар баробари чанд мансабдори дигар аз насаби худ пасванди «-ова»-ро ҳазф кардед. Баъзе аз мнсабдорон раванди мазкурро ба ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ рабт медиҳанд. Ба назари Шумо, оё дар ҳақиқат тағйири насаб ба шакли тоҷикӣ ба бедорсозии ҳисси меҳанпарастӣ ва милливу худшиносии насли ҷавон имкони такон додан дорад? Д ар ин самт б а ҷуз тағйири насаб ч ӣ коре муассир б уда метавонад ?
- Дар иртибот ба ному насаб бояд қайд намуд, ки дар асоси моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иваз намудани ному насаб мустақил мебошанд. Ҳар як шахс ва миллатро дар ҷаҳон бо ному насаби суннатии миллии худ мешиносанд ва барои иваз .. кардан ё накардани он хуқуки ҳар як шаҳрванд ва шахси мансабдор мебошад. Масаъалаи мазкур дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ваколати Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
- Ба пиндори Шумо, меъёри ҳусни сухан чист? Оё мансабдорони мо аз фарҳанги суханронӣ комилан барх ӯ рдор ҳастанд? Вақте онҳо рӯ ба рӯйи мардум нутқ эрод мекунанд, оё метавонанд ин меъёрро риоя карда бошанд?
- Дар хусуси фарҳанги суханронӣ гуфтан ба маврид аст, ки ин масъала нисбист. Аслан фарҳанги суханронии аксари мансабдорон дар муқоиса ба замони пас аз Истиқлолият дар мартабаи баланд қарор дорад.
- Барои чӣ на ҳамаи тарабхонаю меҳмонхонаҳое, ки унвонашон ғайритоҷикист, тағйири ном мекунанд? Мисол, то ҳол Азия Гранд Отель, Хайятт Редженси, Серена ном иваз накардаанд. Чаро?
- Қайд намудан бамаврид аст, ки мутобиқи муқаррароти моддаҳои 13 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бояд ба забони давлатӣ сурат гирад. Соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар баробари забони давлатӣ ҳуқуқ доранд дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ», эълону реклама, номгузории нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маиширо роҳандозӣ намоянд.
Кумита дар асоси нақшаи корӣ барои соли 2014 санҷиши вазъи иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар ташкидоту муассисаҳо, аз ҷумла меҳмонхонаҳо ба нақша гирифтааст.
- Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди забони давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» қабул гардидааст. Ин барнома ҳоло чӣ гуна амалӣ мешавад ва нуктаҳои асосии он кадом ҳоя нд?
- Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012 №335 тасдиқ шудааст. Барномаи мазкур бар пояи таҳлилҳои дақиқи илмӣ бо дарназардошти дурнамои рушди забони давлатӣ таҳия гардида, дар он роҳҳо ва воситахои ташаккули забони миллӣ мутобиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон муқаррар гардидааст. Барномаи рушди забони давлатӣ пеш аз ҳама барои таъмини ҳатмии мақоми конститутсионии забони давлатӣ дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию хуқукии онҳо ва татбиқи самарабахши Қонуни Ҷумхурип Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» замимаҳои мусоид фароҳам меорад.
Оид ба иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорату идорахо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар гардидаанд. Дар иртибот ба Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур шумо метавонед аз сомонаи Кумита маълумот пайдо намоед - www.kumitaizabon.tj ..
- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин фармон дод, ки «Луғати орфографӣ»-и забони тоҷикӣ таҳия ва нашр гардад. Ҳангоми омодасозии он чӣ ба назар гирифта шудааст ва оё ин луғат дар барномаи дарсии омӯзиши забони модарӣ дар мактабу донишгоҳҳо истифода мешавад?
- Президенти муҳтарами кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон 4 октябри соли 2012 дар мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ бо дарназардошти дар даврони истиқлолият пас аз қабули «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» бори нахуст нашр гардидани «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода буданд.
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби олимони забоншинос «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ»-ро дар 20 ҷузъи чопй (320 саҳифа) таҳия ва барои чоп омода намуд. Фарҳанги имло беш аз 65 ҳазор вожа ва истилоҳотро фаро гирифта бар асоси қоидаҳои имло, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.
Мутахассисон зимни таҳияи «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» бештар ба меъёрҳои имлои таърихии калимаву истилоҳот ба манфиати ҳифзи асолати забони миллӣ такя намудаанд.
Фарҳанги мазкур дастури рӯимизӣ буда, барои корбарӣ дар вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ истифода мешавад.




"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста