Имрӯз дар Душанбе чорабиниҳо бахшида ба уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) дар бахши телекоммуникатсия оғоз шуданд.
Чорабиниҳи мазкур аз ҷониби Фонди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет (ТШСИ) дар ҳамдастӣ бо Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
Директори Фонди ҷамъиятии ТШСИ Парвина Ибодова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки муддати се рӯз дар доираи ин чорабиниҳо бо мақсади беҳбуди сатҳи огаҳии ҷомеа оид ба уҳдадориҳои Тоҷикистон назди СҶТ дар бахши телекоммуникатсия мизҳои гирд ва тренингҳо баргузор мегарданд.
Дар ин чорабиниҳо намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти мамлакат, вазорату идораҳои дахлдори кишвар, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорон ширкат меварзанд.
Ба гуфтаи Ибодова, чорабиниҳои мазкур идомаи мантиқии конфронс таҳти унвони «Хизматгузориҳои телекоммуникатсионӣ, пахш ва уҳдадориҳои Тоҷикистон пас аз узвият ба СҶТ» мебошанд, ки рӯзҳои 18-19-уми март дар Душанбе доир гардида буданд.
«Мо аз Арманистону Молдова, кишварҳои узви СҶТ, ки аллакай роҳи таъсиси танзимгари мустақили алоқаро дар кишварҳои худашон паси сар кардаанд, даъват намудем ва ҳарчанд бо тарзу василаҳои гуногун бошад ҳам, онҳо ба ин ҳадаф ноил гардиданд ва мо хоҳони онем, ки онҳо бо мо аз ин таҷрибаашон табодули афкор намоянд», - иброз дошт номбурда.
Ӯ шарҳ дод, ки сухан сари он намеравад, ки аллакай имрӯз мебояд чунин танзимгарро таъсис дод. «Нахуст моро лозим аст, ки маълумоти хеле зиёдеро ҷамъоварӣ карда, ба ҷомеа зарурати мавҷуд будани танзимгари мустақил дар кишвари моро бифаҳмонем», - афзуд директори Фонди ҷамъиятии ТШСИ.
Ёдрас мекунем, ки ташкилотҳои мустақили телекоммуникатсионӣ мавҷуд набудани танзимгари мустақили алоқа дар ҷумҳуриро мушкилоти асосии ин соҳа арзёбӣ мекунанд.
«Танзимгари мавҷудаи бахши алоқа (Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ) ҳамзамон фаъолияти яке аз ширкатҳо (ҶСК «Тоҷиктелеком»)-ро идора мекунад, ки ба дахолат дар муносибатҳои бозорӣ боис мегардад ва дигар мушкилоти соҳаи телекоммуникатсионӣ маҳз дар заминаи ҳамин мушкилот ба вуҷуд меоянд», - изҳор дошта буд қаблан ба «Азия-Плюс» раиси Ассотсиатсияи ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон Асомиддин Асоев.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста