Созмони хабарнигорони бидуни марз (Reporters Without Borders) аз додгоҳи кассатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хостааст, ки қарораш алайҳи муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-Плюс» Олга Тутубалина ва «Азия Плюс» бекор кунад.
RWB бар он бовар аст, ки қарори додгоҳ оид ба пардохтани 30 ҳазор сомонӣ ба фоидаи даъвогарон – аҳли зиё аслан беасосу Гайримантиқист. Қарори додгоҳро Созмон латмае ба мустақилияти рӯзноманигорони тоҷик хондааст.
«Чун Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии баёнро кафолат додааст, Олга Тутубалина ҳам аз ин ҳукқуқи хеш истифода бурдааст», - зикр гардидааст дар матни RWB.
Ёдовар мешавем, тобистони соли сипаришуда аҳли зиёи мамлакат нисбат ба ҳафтаномаи «Asia-Plus» ва муҳаррири он Олга Тутубалина ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо аризаи даъвоӣ шикоят бурда, аз додгоҳ талаб карда буданд, ки барои расонидани зарари маънавӣ аз ҷавобгар 200 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ руёнида шавад. Ҳамзамон тамоми амволи манқул ва ғайриманқули ӯ ба ҳабс гирифта шавад. Дертар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба қарор омад, ки ҳафтанома ва Олга Тутубалина барои расонидани ҷуброни маънавӣ ба даъвогарон 30 ҳазор сомонӣ пардозанд.
Олга Тутубалина дар матлаби худ таҳти унвони «Нозиёиёна дар бораи зиёиён» бо истифода аз суханони Ленин гуфтааст, ки «Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста