Имрӯз дар Тоҷикистон марҳилаи аввали маъракаи эмгузаронӣ барои пешгирии гирифторӣ ба бемории полиомиелит (фалаҷи шадид) оғоз гардид.
Тавре ба «Азия-Плюс» директори генералии Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Тоҷикистон Зафарҷон Азизов хабар дод, марҳилаи аввали эмгузаронӣ дар ҷумҳурӣ аз 14 то 18-уми апрел доир гардида, ба он кӯдакони синни то 5-сола фаро гирифта мешаванд. «Марҳилаи дуюм аз 19 то 23-юми май баргузор мешавад», - гуфт ӯ.
Ба қавли номбурда, дар ВМКБ ин маърака каме пештар – марҳилаи 1-ум аз 24 то 28-уми феврал ва марҳилаи дуюм аз 1 то 5-уми март гузаронида шудааст. «Акнун дар доираи ду марҳила дар саросари ҷумҳурӣ ба ҷуз ВМКБ, эмкунии 1 млн. 102 ҳазору 901 нафар кӯдакон дар назар аст», - иброз дошт. З.Азизов.
Ба гуфтаи Азизов, маъракаи мазкур ба хотири пешгирии гирифторӣ ба ин беморӣ ва бо тавсияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ доир мегардад, зеро Тоҷикистон бо Афғонистон ҳаммарз буда, дар ин кишвар сарчашмаҳои табиии ангезандаи ин беморӣ боқӣ мондаанд. «Вактсина бо дастгирии Бонки рушди Олмон дастрас ва тариқи ройгон ба Тоҷикистон дода шуд», - афзуд номбурда.
Бемории полиомиелит ва ё фалаҷи атфол яке аз бемориҳои гузаранда аст, ки асосан ба кӯдакони синни то панҷсола сироят мекунад. Он бемориест, ки ба системаи асаб ҳамлавар шуда баъд аз чанд соат метавонад ба фалаҷ гирифтор кунад. Ин вирус аз тариқи даҳон вориди бадан шуда, дар рудаи инсон афзоиш меёбад. Аввалин нишонаҳои ин беморӣ, табларза, хастагӣ, дарди сар, қайкунӣ, шахшавии гардан ва пайдо шудани дард дар тамоми бадан мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста