Рӯзи 13-уми апрел дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31-и ноҳияи Қубодиён сӯхтор сар зада, бинои асосии таълимӣ ба коми оташ рафт.
Раиси ҷамоати Тахти Сангини ноҳия Мирзокарим Ғаюров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сӯхтор соати 16-и рӯз ба амал омада, дастаи оташнишонии ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритӯс баъди 25 дақиқа ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд.
«Оташ 16 кабинети дарсӣ ва 2 кабинети кориро нобуд сохт. Бинои таълимӣ ҳанӯз соли 1941 сохта шуда, боми бино бо қамиш пӯшонида шуда буд, ки ба зуд паҳншавии оташ мусоидат кард. Тибқи маълумоти пешакӣ сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳо дониста мешавад», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли ӯ, айни замон толибилмони мактаб барои идомаи таҳсил ба мактабҳои наздик сафарбар шудаанд ва бар асари ин ҳодиса аз барномаи таълимӣ дур нахоҳанд монд. «Барои бартараф кардани оқибатҳои сӯхтор ва ҳисоби ҳаҷми зарар таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода шуда, муовини раиси вилоят ва намояндагони Вазорати маориф аз ҷойи ҳодиса боздид намуданд ва ваъда доданд, ки бо асбобу таҷхизоти зарурӣ кумак хоҳанд кард», - изҳор кард номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки ҳукумати маҳаллӣ дар ҳамдастӣ бо кумитаи падару модарон ният доранд, ки тариқи ҳашар дар дуюним моҳ бинои таълимиро дубора барқарор кунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста