Дар муқоиса бо моҳи январ сатҳи музди меҳнати воқеӣ (бо назардошти тағири индекси нархҳо) дар Тоҷикистон дар моҳи феврал ба андозаи 0,2% коҳиш ёфта, нисбат ба моҳи феврали соли гузашта 15,8% зиёд шуд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, музди меҳнати номиналии моҳонаи кормандони кироя дар моҳи феврал қариб 820 сомонӣ (170 $)-ро ташкил додааст. Музди меҳнати ҳадди ақал дар ҷумҳурӣ ба 250 сомонӣ (52 $) баробар аст.
Ба иттилои манбаъ, музди меҳнати аз ҳама пасттарин дар бахши воқеии иқтисод дар моҳи феврал дар бахши кишоварзӣ, шикору хоҷагии ҷангал – 288 сомонӣ (60 $) ва аз ҳама баландтарин дар саноати истихроҷи кӯҳӣ ва коркарди конҳо – 1 ҳазору 645 сомонӣ (342 $) ба қайд гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ музди меҳнати миёнаи моҳона дар бахши воқеии иқтисод дар моҳи феврал 783 сомонӣ (163 $)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи феврали соли гузашта ба миқдори 25% бештар мебошад.
Дар ҳамин ҳол, дар соҳаи хизматгузорӣ музди меҳнати аз ҳама баландтарин дар бахши миёнаравии молиявӣ – 1 ҳазору 845 сомонӣ (384 $) ба қайд гирифта шудааст. Музди меҳнати миёнаи моҳона дар ин бахш 832 сомонӣ (173 $)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 18% зиёдтар аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста