Санаи 15-уми апрел сабти номи довталабон аз рӯи низоми нави дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ба итмом расид, аммо аз 16 то 30 апрели соли 2014 довталабон метавонанд номгӯи ихтисосҳои интихобшуда, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, шакл, намуд, забони таҳсил ва дигар маълумоти шахсии худро бо пардохти маблағ дар филиалҳои БДА “Амонатбонк” ба андозаи 14 сомонӣ иваз намоянд.
Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маркази миллии тестӣ Ситора Назарова хабар дод, маълумот дар шабакаи Интернет оид ба дароз кардани муҳлати сабти номи довталабон то 30-юми апрел асоси воқеӣ надошта, ба санаи 15-уми апрел ҳудуди 50 ҳазор нафар довталабон сабти ном шудаанд, ки аз шумори пешбинишуда каме зиёдтар мебошад.
«Бақайдгирии иловагии довталаб танҳо дар нуқтаи бақайдгирие, ки ӯ қаблан дар он сабтином шудааст, ба роҳ монда мешавад. Аз маблағи муқарраргардида танҳо довталабоне, ки падар ва модари онҳо дар қайди ҳаёт нестанд, озод мебошанд», - иброз дошт номбурда.
Қобили зикр аст, ки бақайдгирии довталабон аз 1-уми март то 15-уми апрелсурат гирифта, имтиҳонҳо рӯзҳои 1-12-уми июл баргузор мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста