Анонс
- Рӯзҳои 18-20-уми апрел сафари расмии узви Шӯрои давлатии Чин, вазири амнияти ҷамъиятии Чин ба Тоҷикистон барпо мешавад;
- Дар кохи Таврическийи шаҳри Санкт-Петербург – ситоди кории Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Маркази парлумонии АБП ИДМ ҷаласаи Шӯрои АБП ИДМ, ҷаласаи ҷашнии 40-уми АБП ИДМ ва ҷаласаи АБ СААД доир мегардад, ки дар кори онҳо раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ширкат меварзад;
- Дар меҳмонхонаи «Серена» рӯзҳои 17-18-уми апрел 10-умин ҷаласаи Иттиҳоди Байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегардад, ки дар он масъалаҳои рушди ҳамкориҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор мегиранд;
- Дар шаҳри Душанбе Фестивали IV-уми байнулмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ба кори худ идома медиҳад.
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.8202 сомонӣ;
1 евро - 6.6883 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.134 0 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
Рӯзи байнулмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ.
1946 – Фаъолияти Лигаи миллатҳо ба итмом расида, ҷойи онро СММ иваз кард.
1998 – Эмомалӣ Раҳмонов раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон интихоб гардид.
1914 - Зодрӯзи нависанда ва ҷанговари фронт, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Фотеҳ Ниёзӣ.
1927 – Мавлуди нависанда, драматург Аъзам Сидқӣ.
1928 – Зодрӯзи нависанда Маҳмадалишоҳи Ҳайдаршоҳ.
1938 – Зодрӯзи доктори улуми физикаву математика, профессор Бозор Назриев.
1941 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, сароянда Меҳрӣ Исҳоқбоева.
1960 – Зодрӯзи таърихшинос Раҳмоналӣ Шарифов.
1963 – Мавлуди Суҳроб Шарифов, вакили парлумон.
Вазъи обу ҳ аво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +18+23, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +8+13.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +15+20, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +10+15.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, (дар баландии зиёда аз 2500 метр борону барф).
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +1+6, рӯзона +11+16; дар шарқи вилоят шабона -4-9, рӯзона +2+7.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +18+20.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +20+22.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда борони кӯтоҳмуддат.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +21+23.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат.
Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +12+14.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста