Ба муносибати солгарди навбатии пойтахти Тоҷикистон эълон шудани шаҳри Душанбе натиҷаҳои як қатор озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст шуданд.
Ҳамин тариқ, меҳмонхонаи беҳтарин – «Тоҷикистон», тарабхонаи беҳтарин – «Шом-7», ошхонаи беҳтарин – «Дидор-20» дониста шуданд. Раиси пойтахт дастур дод, ки ғолибон бо ифтихорномаи мақомоти шаҳрдорӣ ва ҷоми ифтихории ғолиб қадрдонӣ карда шаванд.
Маҳаллаи «Яккачинор» ғолиби озмуни «Беҳтарин намоиши наврӯзии маҳаллаву шаҳракҳои пойтахт» эълон гардида, бо 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадронӣ мегардад. Бинои истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ-347, ноҳияи Шоҳмансур «Беҳтарин манзили пойтахт» дониста шуда, ба соҳибмулкони хона диплом ва як маҷмуъ компютер бо мизу курсӣ тақдим карда мешавад.
Саида Халилова, корманди Муассисаи давлатии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ «Ҳавлирӯби беҳтарини пойтахт» эътирооф шуда, бо диплом, як адад телевизор ва роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа оби гарм» қадрдонӣ карда мешавад.
Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 49 ноҳияи Фирдавсӣ ғолиби озмуни «Мактаби сол-2013» дониста шуда, бо як хонаи сеҳуҷрагӣ қадронӣ мешавад. Директори гимназияи № 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Зиёдулло Абдулов дар озмуни «Директори сол-2013» ғолиб омада, бо 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешавад. Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №15 ноҳияи Шоҳмансур Саида Ғафорова ғолиби озмуни «Муаллими сол-2013» эътироф гардида, бо 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадр карда мешавад.
Ғолиби озмуни «Синфи беҳтарини сол-2013» - коллективи синфи 9 «в» гимназияи № 1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо Парчами сайёри Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва роҳбари ҳамин синф Муҳаммадиев Сайдалӣ дар ҳаҷми 1000 (ҳазор) сомонӣ , сардори синф Зуҳурбеки Зуҳур 500 (панҷсад) сомонӣ , 27 (бисту ҳафт) нафар хонандаи синф ҳар кадоме дар ҳаҷми 400 (чорсад) сомонӣ бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Ҳамчунин дар доираи озмунҳо «Кӯдакистони сол -2013», «Мудири кӯдакистони сол-2013», «Волидайни беҳтарини сол-2013» ва ғайра низ муайян карда шуданд.
Мақомоти шаҳрдории Душанбе ният дорад, ки дар остонаи таҷлили ҷашни пойтахт ҷоизаву мукофотпулиҳоро ба ғолибон тақдим намояд.



Эътирофи мақомот: Аз се як ҳиссаи қарз аз барқ дар Тоҷикистон беасос аст
“Ҳамаро бо як ҷорӯб намерӯбем”. Раиси Кумитаи забон шарти ивази ҷойномҳоро гуфт
Кумаки мардуми Тоҷикистон ба сокинони Ғазза аз чӣ иборат буд?
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 33
“Ҳеҷ кас Наврӯзро “New Day” ё “Новый день” намегӯяд-ку”. Раиси Кумитаи забон шарти навишти тамғаҳои хориҷиро шарҳ дод
Оғози қабули имтиҳонҳои EPS-TOPIK дар Тоҷикистон барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 феврали соли 2026
Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста