Ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт имрӯз дар шаҳри Душанбе ниммарафони панҷуми анъанавии байнулмилалӣ доир мегардад.
Бино ба иттилои мақомоти шаҳрдории пойтахт, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани ниммарафони байнулмилалӣ аз буҷети шаҳр беш аз 220 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 40 ҳазор $) маблағ ҷудо шудааст.
Тибқи қарори раиси пойтахт, дувоздаҳ нафар ғолибони мусобиқа – 6 нафар мардон ва 6 нафар занонро мукофотҳои пулӣ интизор аст. Ғолибони ниммарафон ҳам миёни мардону ҳам миёни занон бо 3,5 ҳазор $, соҳибони зинаи дуюм – 3 ҳазор $, сеюм – 2,5 ҳазор $, чорум – 2 ҳазор $, панҷум – 1,8 ҳазор ва шашум бо 1,5 ҳазор $ мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Иштирокчиёни синнусоли 8-10-сола дар масофаи 3 км, 10-12-сола дар масофаи – 5 км, 12-15-сола – 8 км ва синнусоли аз 15-сола боло дар масофаи 21 км 97 метр қувваозмоӣ мекунанд. Давидан тибқи хатсайри пешбинишуда тариқи дидбонгоҳи БДА-и «Чорбоғ» дар шимоли пойтахт сурат гирифта, дар майдони Дӯстӣ»-и пойтахт ба итмом мерасад.
Ҳамчунин имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт дар «Душанбе-Плаза» бо иштироки раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷамъомади ботантана доир мегардад. Дар ин ҷамъомад ба ғолибони як қатор озмунҳои шаҳрӣ ҷоизаву мукофотҳо тақдим карда мешавад.
Натиҷаҳои озмунҳои шаҳрӣ рӯзи 18-уми апрел эълон шуда буданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста