Дафтари кории Кумитаи байнулмилалии имдоди «Имдод»-и Имом Хумайнии Эрон  тасмим гирифт, ки тавассути таъсиси корхонаҳои хурд дар ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод ба аҳолии аз офати табиӣ осебдидаи ин маҳаллаи аҳолинишин кумак расонад, то ки дар вазъи ногувор мардум аз сарчашмаи рӯзгузаронӣ маҳрум намонанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дафтари кории Кумита хабар дод, тасмим гирифта шудааст, ки дар ин ҷо коргоҳи дӯзандагӣ, коргоҳи маҳсулоти қаннодӣ ва давраҳои омӯзиши кор бо компютер барои духтарон кушода мешаванд.

«Мо имрӯз ба ситоди рафъ кардани оқибатҳои офтаи табиӣ дар деҳаи Саричашма 5 адад компютер, 8 мошини дӯзандагӣ, 3 оташдони барқӣ (тафдон) барои пухтани маҳсулоти қаннодии гуногун мебарем», - гуфт манбаъ ва илова намуд, ки ҳамроҳ бо ин таҷҳизот ҳамчунин бастаҳои маҳсулоти ғизойӣ ва воситаҳои санитариву гигиенӣ низ фиристода мешаванд.