Рӯзи 18уми апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо иштироки Ҷаббор Ризоев, муовини аввали раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва ҷаноби Такааки Коматсу, котиби дуввуми сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон маросими муваффақона анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони мактаби миёнаи №9 дар ҷамоати «Лангар»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ», ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон ба маблағи умумӣ 113 ҳазору 841 доллари ИМА дастгирӣ ёфта буд, баргузор шуд.
Дар иттилоияи сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки пештар танҳо хонандагони синфҳои 4 то 9 дар бинои мактаб таҳсил мекарданд. Аз сабаби маҳдуд будани ҷойи хониш, талабаҳои дигар дар хонаи директори мактаб, ки ихтиёран хонаи худро пешниҳод намуд буд, таҳсил мекарданд. Шумораи зиёди хонандагон боиси хониш дар 3 баст гардид. Ин омил ба вуқуъ омадани мушкилотро дар вақти аз худ намудани барномаи хониш пеш овард. Ғайр аз ин, бо сабаби маҳдудияти ғунҷоиши бино ва шароити он, баъзе хонандагон, ҳамчунин хонандагони синфҳои 9 ва боло маҷбур буданд таҳсилро дар мактаби дигар, вокеъ дар масофаи якчанд соат аз макони зисташон, идома диҳанд.
Бинои навсохта метавонад зиёда аз 240 хонандаро аз деҳахои гирду атрофи ҷамоати «Лангар» бо ҷойгохии хониши васеъ ва равшан ва ҷавобгӯ ба талаботи барномаи омӯзиш таъмин намояд. Айни ҳол мактаб ҳамчунин метавонад кабули хонадагони синфҳои 10 ва 11-ро низ ба роҳ монад, ки бо шарофати он хонандагон имкон пайдо мекунанд дар деҳаи худ таҳсилро идома диҳанд. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мактаби мазкур бо мебели нави хониш, ба монанди тахтаҳои синфӣ, ҷевонҳо ва мизу курсиҳо таъмин гардид.
Қобили зикр аст, ки кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Лоиҳаҳои амнияти башарӣ дар бахши аъзами аҳолӣ 325 лоиҳаро ба маблағи умумии $25.5 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста