Дар шаҳри Душанбе насби дастгоҳҳои обҳисобкунӣ оғоз гардид.
Моҳи марти соли равон КВД «Обу корези Душанбе» ва мақомоти шаҳрдории пойтахт амалисозии лоиҳаи дуюми «Обтаъминкунии ш.Душанбе»-ро оғоз намуда, акнун ба тамоми истеъмолгарони минтақаҳое, ки обашон аз ҳисоби сарчашмаҳои зеризаминии истгоҳҳои Ҷанбу-Ғарбӣ ва Кофарниҳон таъмин мешавад, дастгоҳи обҳисобкунӣ гузошта мешавад.
Ба андешаи мудири лоиҳаи «Обтаъминкунии ш. Душанбе» Зафар Нозимов, ин тадбир як навъ фишанги таъсир дар самти истифодаи оқилонаи сарчашмаи ҳаёт – об мебошад.
«Дар доираи амалисозии лоиҳаи дуюм фарогирии 40% қаламрави пойтахт дар назар буда, дар ҳар як хона ҳисобкунакҳои об насб мешаванд, то ки мардум сари арзиши об ба андеша раванду аз масрафи беҳудаи он худдорӣ кунанд», - мегӯяд Нозимов.
Ба қавли вай, имрӯз дар пойтахт дар як шабонарӯз 1 млн. метри мукааб об масраф мешавад, аммо мутахаасисон бар ин назаранд, ки баъди насби обҳисобкунакҳо тамоили хароҷоти беҳуда ва муносибати беэҳтиётона ба об тағйир ёфта, ин нишондиҳанда ба 500 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз, яъне ду маротиба коҳиш меёбад.
«Дар робита ба обёрии дарахтону заминҳои обчакории назди хонаҳо, ки аз қубурҳои таҳхонаи манзилҳо обёрӣ мешаванд, ин кор бо розигии истиқоматкунандагон сурат хоҳад гирифт, зеро обёрии дарахтон ба уҳдаи низоми обёрии шаҳр вогузор шудааст», - афзуд номбурда.
Қобили зикр аст, ки тарофаи истифодаи об аз рӯи обҳисобкунак 41 дирам барои 1 метри мукааб муқаррар шудааст. Имрӯз ҳаҷми пардохти маблағ барои истифодаи об дар як моҳ 4,5 сомонӣ сари ҳар як нафар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста