Танҳо дар моҳи апрели соли ҷорӣ бо мусоидати намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони кории тоҷик беш аз 1 млн. 130 ҳазор рубли қарздорӣ аз музди меҳнат пардохт карда шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов хабар дод, қариб нисфи ин маблағ қарз аз музди меҳнат ба гурӯҳи бинокорони тоҷик аст, ки дар яке аз ширкатҳои сохтмони шаҳри Санкт-Петербург ба корҳои таъмир машғул будаанд.

«Намояндагӣ ҳамчунин ба дастрасии музди меҳнат ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Новосибирск низ мусоидат намуда, муҳоҷирон Лоиқ Кабкаков ва Зайдулло Ҷобиров аз корфармо мутаносибан дар ҳаҷми 200 ҳазор ва 77 ҳазор рубл музди меҳнаташонро гирифтанд», - иброз дошт Аҳмадов.

Ба қавли ӯ, қарзи шаҳрванди Тоҷикистон Зоиршо Ҳимматов аз музди меҳнат дар яке аз ширкатҳои сохтмон дар шаҳри Маскав 150 ҳазор рублро ташкил дода, баъди муроҷиат ба намояндагӣ ва гуфтушуниди корманд бо корфармо ба ин муҳоҷир қарзи музди меҳнаташ пардохта шудааст.

«Пас аз муроҷиати расмӣ ба намояндагӣ ба шаҳрванди Тоҷикистон Моҳира Толибова дар маҷмӯъ 104 ҳазор рубл қарз аз музди меҳнаташ пардохт гардид», - гуфт ӯ.

Ҳамчунин зикр гардид, ки шаҳрвандони Тоҷикистон З.Фозилова ва Б.Қаландарова, ки дар яке аз ширкатҳи Маскав машғули кор будаанд, бо мусоидати намояндагӣ 74 ҳазор рубл музди меҳнати пардохтнашударо дастрас кардаанд.

«Таҳлили ҳодисаҳои мазкур гувоҳи онанд, ки сабаби аслии пайдоши ва пардохт нашудани қарзи музди меҳнат мавҷуд набудани шартномаи меҳнатӣ миёни корфармо ва муҳоҷирони корӣ аст», - афзуд номбурда.