Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) озмуни навбатии « Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2014-ро эълон кард.
Бино ба иттилои хадамоти ммтбуоти Агентӣ, дар озмун корхонаву ташкилотҳои тамоми шакли молиякият ва соҳибкорони инфиродӣ иштирок карда метавонанд.
«Ҳадафи аслии озмун татбиқи Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015, дастгирии соҳибкорони ватанӣ, ки маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол мекунанд, мусоидат ба таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти баландсифат ва хизматрасониҳои рақобатпазир ва муаррифии корхонаҳои беҳтарини ватанӣ мебошад», - иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Агентӣ.
Гуфта мешавад, озмун аз рӯи номинатсияҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳсулоти саноатӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои халқӣ, маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ ва ҳамчунин хизматрасонии соҳаи савдо гузаронида мешавад.
Зимнан зикр мегардад, ки дархостҳо барои иштирок дар озмун бо бастаи зарурии ҳуҷҷатҳо то 10-уми майи соли ҷорӣ қабул карда мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста