Ҷарроҳии сутунмуҳраи сарбоз Шаҳбол Мирзоевро, ки аз ҷониби фелдшери яке аз қисмҳои низомӣ мавриди лату кӯб қарор гирифта буд, табибони Русия анҷом медиҳанд.
Тавре ба Азия-Плюс» падари сарбоз Нуъмон Мирзоев хабар дод, рӯзи 16-уми апрел натиҷаи ташхиси томография ба госпитали низомии шаҳри Красногорски вилояти Маскав фиристода шуда, табибони Русия хабар додаанд, ки зимни чунин ҷароҳатҳо ҷарроҳӣ ҳатмӣ аст ва ба анҷоми муваффақонаи он кафолат додаанд. Арзиши пешакии ҷарроҳӣ дар дармонгоҳи Русия беш аз 400 ҳазор рубли русӣ (зиёда аз 11 ҳазор $)-ро ташкил медиҳад, аммо арзиши ниҳоӣ пас аз муоинаи сарбоз маълум мешавад.
«Барои солимии фарзандам ман хонаам дар Аштро фурӯхтам, зеро ба дармонгоҳи Русия ман бояд нахуст як қисмати маблағи ҷарроҳӣ ва сипас баъди анҷоми ҷарроҳӣ маблағи боқимондаро пардохт кунам», - гуфт ӯ ва ба шахсоне, ки аз тақдири Шаҳбол худро канор нагирифта, ба суратҳисоби кушодаи ӯ маблағ мегузаронанд, изҳори миннатдорӣ намуд.
Ёдрас мекунем, ки гурӯҳи табибон аз Эрон барои гузаронидани ҷарроҳии сутунмуҳраи сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоев, ки рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ бар асари лату кӯб аз ҷониби фелдшери қисми ҳарбии 2026 воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳат бардошта буд, ба Тоҷикистон наомаданд.
Сабаби ба Тоҷикистон наомадани онҳо ба суратҳисоби дармонгоҳи Сино интиқол нагардидани беш аз 56 ҳазор сомонӣ маблағи зарурӣ барои хароҷоти ҷарроҳии сарбоз аз ҷониби қисми низомии 2026 унвон мешавад.
Нарзулло Расулов, муовини сардори ситоди госпитали марказии нерӯҳои мразбонии ҶТ мутмаин аст, ки Шаҳбол Мирзоев ба ҷарроҳӣ ниёз надорад ва мутаносибан ба интиқоли маблағи пулӣ низ ҳеҷ зарурате нест.
«Шаҳбол Мирзоев ба ҷарроҳӣ ниёз надорад. Сарбозро 12 нафар профессорон муоина мекунанд ва ба гуфтаи онҳо, осебҳои сутунмуҳра дар қисмати гардан аллакай шифо ёфта истодаанд. Дар саросари дунё ин гуна беморон ҷарроҳӣ намешаванд. Рӯзҳои наздик мо бо гурӯҳи табибон аз Эрон машварат баргузор намуда, ба хулосаи ягона мерасем», - иброз дошт Расулов.
Айни замон Шаҳбол Мирзоев дар бинои 5-уми Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) қарор дорад. Ба гуфтаи падари сарбоз, вазъи солимии Шаҳбол ҳанӯз ҳам умедворкунанда нест. Ӯ пойҳо ва ангуштони дасташро эҳсос накарда ҳаракат карда наметавонад.
Аввали моҳи март сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо лату кӯб карда, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Чанде қабл як гурӯҳи шаҳрвандони ташаббускори Тоҷикистон ба хотири дастгирии сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев пешниҳод карданд, ки доранд, ки барои анҷом додани ҷарроҳии сутунмӯҳраи сарбоз аз воситаҳои худӣ маблағи зарурӣ ҷамъоварӣ карда шавад. Рӯзи 17-уми апрел дар «Агроинветсбонк» ба номи сарбоз суратҳисоб кушода шуда , хоҳишмандон мувофиқи имкон метавонанд ба он маблағ гузаронанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста