Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶХАТ) ба кӯдакони ятим ва маъюб 5 ҳазор адад маҷмӯи сарулибос тақдим кард.
Тавре аз маркази иттилоотӣ-захиравии ҶҲАТ хабар доданд, ин кумак дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни ҶХАТ ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар (ҶХА)-и Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) аз ин кишвар дастрас шудааст.
«Маҷмӯи сарулибос ба интернат барои ношунавоёни ва кӯдакони қобилияташон маҳдуди шаҳри Душанбе, мактаб-интернати «Дӯстӣ»-и шаҳри Ваҳдат, мактаб-интернатҳо барои кӯдакони ятими ноҳияҳои Қубодиён, Вахш ва Ёвон расонида шуда, ин иқдоми башардӯстона идома дорад», - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъ, дар тақсимоти кумак ба ҷуз кормандони ҶХАТ ва ҶХА Аморати Муттаҳидаи Араб ҳамчунин намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ саҳм мегиранд.
«Агар Шумо ба ин иқдоми хайрия ҳамроҳ шуданӣ бошед, метавонед ба дафтари кории марказӣ ва филиалҳои мо дар шаҳру навоҳии кишвар муроҷита намоед», - иброз доштанд дар ҶҲАТ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста