Рӯзи 26уми апрел апрел дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ш. Хуҷанд) ва рӯзи 2 маи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон (ш.Душанбе) муаррифии Барномаи компютерии тафтиши имлои тоҷикӣ барпо хохад шуд.
Бино ба маълумоти иттилоияи Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди мадад (ИҶК БМ) дар Тоҷикистон, лоиҳаи «Тафтиши имлои забони тоҷикӣ дар OpenOffice.org» аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази рушди технологияҳои иттилоотии Зафар Усмонов» иҷро гардида, аз тарафи ИҶК БМ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, барномаи мазкур аз ҷониби як гурӯҳи барномасозони ватанӣ омода гардида, дар ду барномаи компютерии кор ба ҳуҷҷатҳои дар Точикистон маъмул - Microsoft Office ва OpenOfficeOrg истифода бурда хохад шуд. Илова кардани тафтиши имлои забони тоҷикӣ ба ин ду барнома нисбати тартиб додани барномаи алоҳидаи тафтиши имлоӣ афзалтар аст. Илова ба ин, тафтиши имлоӣ дар ин ду муҳит дар асоси як алгоритм амалӣ карда мешавад.
Гуфта мешавад, муаллифони лоиҳаи мазкур дар асоси маводи омӯхташудаи грамматикаи забони тоҷикӣ модели математикиро тартиб дода, алгоритми барномаи тафтиши орфографияи забони тоҷикиро сохтанд. Тартиб додани комплекси барномаҳои тафтиши дурусти тарзи навишти матн боиси тезонидани суръати компютеризатсия ва раванди омӯзиши барномаҳои озод ва кушодасос дар ҷумҳурӣ хоҳад шуд.
Зикр мегардад, ки тафтиши автоматии имлои забони тоҷикӣ имконият медиҳад, ки хатои имлоии ҳангоми ҳуруфчинии матн содиркардашуда инъикос гарданд ва муодили онҳо пешниҳод шаванд.
Дар муаррифӣ маълумот оид ба дастовардҳои лоиҳаи мазкур ва барномаи тафтиши имлои забони тоҷикӣ пешниҳод мешавад. Илова бар ин, масъалаҳои дурнамои лингвистикаи компютерии забони тоҷикӣ ва дастовардҳои дар ин ҷода бадастомада баррасӣ мегарданд.
Дар семинар намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ, намояндагони макотиби олӣ, мутахассисони соҳаи бонк, операторони мобилӣ ва Интернет, намояндагони воситахои ахбори омма ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, донишҷӯёни ихтисосҳои иттилоотӣ ва лингвистикаи компютерӣ иштирок мекунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста