Анонс
- 26 апрел дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (шаҳри Хуҷанд) муаррифии Барномаи компютерии тафтиши имлои тоҷикӣ барпо мешавад;
- 26 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ва варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд вохӯриҳои давраи сеюми мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои – «Истиқлол» (Душанбе) – «Энергетик» (Душанбе) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Далерон» (Истаравшан) баргузор мешаванд. Оғози бозиҳо соати 16-00;
- 26-27 апрел дар Шанхай (Чин) марҳилаи аввали мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон оид ба камонварӣ доир мегардад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот қаҳрамони чандинкарати ҷумҳурӣ оид ба ин намуди варзиш Фирӯза Зубайдова намояндагӣ мекунад;
- 27 апрел дар даври сеюми мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар майдони КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ вохӯрии дастаҳои КМВА «Помир» (Душанбе) – «Регар- ТадАЗ» (Турсунзода) ва дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бозии дастаҳои «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хайр» (Ваҳдат) баргузор мешавад. Оғози бозиҳо соати 16-00;
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.9214 сомонӣ;
1 евро - 6.8525 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.13 61 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
26 Апрел
1966 – Дар Тошканд заминларза рух дода, маркази шаҳр хароб гардид.
1986 – Садама дар нерӯгоҳи атомии Чернобил, ки яке аз фалокати мудҳиштарини ҳастаӣ дар олам маҳсуб меёбад.
1935 – Зодрӯзи доктори улуми фарҳангшиносӣ, профессор Маннон Рӯзиев.
1952 – Мавлуди шоир Қувват Давлат.
27 Апрел
1930 – Дар Душанбе нахустин театр-студияи мусиқӣ таъсис дода шуд.
1933 – Ифтитоҳи Китобхонаи марказии илмии Пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС – феълан Китобхонаи марказии илмии АИ Тоҷикистон ба номи И.Ганди.
1992 – Барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея.
1998 – Бар асари боришоти зиёди борони сел ба ҷумҳурӣ зарари зиёд расонида шуд. Беш аз 50 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 1000 манзили зист хароб гардид.
2000 – Ҷаласаи нахустини муштараки ҳарду палатаи Маҷлиси Олии ҶТ даъвати дуюм баргузор шуд.
2003 – Дар Душанбе Нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ба кор оғоз намуд.
2012 — Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа пахши барномаҳои радиои «Азия-Плюс» оғоз шуд.
2013 — Шӯрои Федератсия созишнома миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи мақом ва шартҳои ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро тасдиқ кард.
1902 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Файзулло Исматов.
1950 – Мавлуди мусиқачӣ Шермуҳаммад Ҳабибов.
1964 – Зодрӯзи оҳангсоз Ҷамила Рустамова.
1965 – Мавлуди журналист Гулғунча Саидарабова.
Вазъи обу ҳ аво
26-уми апрел
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад, рӯзона бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +13+18.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришоти начандон зиёд (борон, барф).
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +8+13.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад (дар баландии зиёда аз 3000 метр барф), рӯзона бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +20+25, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +12+17.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (дар баландии зиёда аз 2800 метр барф).
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +4+9, рӯзона +12+17; дар шарқи вилоят шабона -3-8, рӯзона +3+8.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад, рӯзона бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +22+24.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +22+24.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад, рӯзона бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +23+25.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.
Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +14+16.
27-уми апрел
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, 28-29/04 борон меборад, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +15+20.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, 28-29/04 баъзан боришот, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +12+17.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, 28-29/04 баъзан боришот, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +13+18.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, 28-29/04 боришот (дар баландии зиёда аз 2800 метр барф).
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +3+8, рӯзона +12+17; дар шарқи вилоят шабона -5-10, рӯзона +2+7.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +25+27.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +25+27.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +26+28.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +14+16.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста