Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 90-солагии мақоми пойтахти кишварро доро гардидани шаҳри Душанбе ва ба истиқболи 17-умин солгарди Рӯзи ваҳдат мақомоти шаҳрдории пойтахт тӯйи арӯсию домодии 90 ҷуфт навҷавонон ва хатнасури 360 кӯдакон аз оилаҳои ниёзмандро баргузор мекунад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум дар ин бора тасмим гирифта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар иҷлосия ҳамчунин масъалаи омодагии пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистони оянда низ барррасӣ шудааст.
«Дар иҷлосия ба масъалаҳои марбут ба риояи меъёрҳои санитария дар шаҳр, ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарон, фаъолияти хадамоти бартараф сохтани садамаҳо дар қубурҳои оби гарм, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва дигар масъалаҳои мубрами хоҷагидории пойтахт низ таваҷҷуҳ зоҳир шуд», - иттилоъ медиҳад мақомоти шаҳрдорӣ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста