Йошиширо Хорие, котиби дуввуми Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду маросими анҷом ёфтани лоиҳаҳо дар ноҳияҳои тобеъи марказ рӯзҳои 23 ва 24 апрели соли ҷорӣ ширкат варзид.
Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, рӯзи 24 апрел ӯ барои ҷашн гирифтани маросими ба охир расидани «Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби миёнаи №3 дар ҷамоати “Сангвор”-и ноҳияи Тавилдара» ба ноҳияи Тавилдара ташриф овард. Маблағи умумии лоиҳаи мазкур зиёда аз 109 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Ҳимматшо Ғайратов, раиси ноҳияи Тавилдара дар маросими мазкур ширкат варзида, миннатдории хешро ба Ҳукумати Ҷопон барои дастгирии лоиҳаи мазкур иброз намуд.
Пеш аз амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур мактаби миёнаи рақами 3 аз норасоии ҷойи таҳсил танқисӣ мекашид. Аз ҳамин лиҳоз, аз 25 то 30 нафар хонанда дар як синфхона ба ҷойи 18 нафар хонандаи нақшавӣ таҳсил мекарданд. Аз ҳад зиёд пур будани синфхонаҳо барои таҳсили хонандагон мушкил эҷод мекард. Бо бунёд гардидани панҷ синфхонаи иловагии нав, муҳити таҳсил дар мактаби рақами 3 нисбатан беҳтар гардида, тамоми хонандагон аз он баҳра мегиранд.
Рӯзи 25-уми апрел Йошиширо Хорие дар маросими ба охир расидани «Лоиҳаи сохтмони Маркази саломатӣ дар ҷамоати “Яхак-Юст”-и ноҳияи Нуробод» иштирок варзида, Саидамир Сиёмардов, раиси ноҳияи Нурободро бо анҷом расидани лоиҳа муборакбод гуфт. Барои амалӣ гардонидани лоиҳаи мазкур маблағи умумии 109,064 доллари ИМА ҷудо гардида буд
Тавассути бунёди иншооти нав ва беҳтар гардонидани таҷҳизоти тиббӣ ба воситаи лоиҳаи мазкур, бунгоҳи тиббӣ дар ҷамоати Иззатулло Ҳалимов акнун имконият дорад, ки хизматрасониҳои тиббии саривақтӣ ва сифатан бехтарро ба мизоҷон дастрас намояд. Таҷҳизоти тиббӣ, ба монанди дастгоҳи ултрасадо, отоскопия ва офталмоскоп барои ташхис ва табобати боз ҳам хубтар дар бинои нав насб гардида, иқтидори умумии бунгоҳи тиббиро беҳтар мегардонад.
Кумакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 320 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии $25,5 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста