Анонс
- Соати 14:00 дар суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии адвокатҳои газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина аз болои қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз рӯи парвандаи «Зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» баррасӣ мешавад;
- Сафири Австралия дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Маскав) Пол Майлер ҷиҳати супоридани нусхаҳои эътимоднома ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба шаҳри Душанбе меояд;
- Сафири Исроил дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканд) хонум Кармела Шамир ҷиҳати супоридани нусхаҳои эътимоднома ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба шаҳри Душанбе меояд;
- Соати 09-30 дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси Душанбе» барои соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон тренинги навбатии ройгон гузаронида мешавад. Ба соҳибкорон барои савол додан ба ҳамаи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳашон дар мавриди иштирок дар харидҳои C-JTSCC имкон дода мешавад;
- Соати 11-00 дар Консерваторияи миллӣ бахшида ба ҷаз-фестивал дар Маркази фарҳанги «Бактрия» конфронси матбуотӣ баргузор мешавад.
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.8533 сомонӣ;
1 евро - 6.8434 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.13 7 1 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
Рӯзи байнулмилалии рақс.
Рӯзи Холокост.
1992 – Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуд.
2004 – Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби сотсиал-демократӣ ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Эътилоф «Барои интихоботи озод ва шаффоф дар Тоҷикистон» Созишнома ба имзо расониданд. Ҳизби демократ аз имзои он худдорӣ варзид.
2010 — Ифтитоҳи аввалин бюрои қарзӣ дар Тоҷикистон.
2013 — Президент дастур дод, ки Донишгоҳи давлатии Данғара таъсис дода шавад.
1882 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Бобохалил Одинаев.
1917 – Мавлуди актрисаи балет Сура Баҳор.
1952 – Зодрӯзи журналист Назрулло Хайруллоев.
1958 – Мавлуди журналист Саидмурод Рабизода.
1969 – Зодрӯзи шоир, журналист Шоҳонаи Сулаймон.
Вазъи обу ҳ аво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +18+23.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +10+15.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола (дар баландии зиёда аз 3000 метр барф).
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +20+25, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +13+18.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 3300 метр барф).
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +4+9, рӯзона +15+20; дар шарқи вилоят шабона -3-8, рӯзона +7+12.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола, рӯзона бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +23+25.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +21+23.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола.
Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +24+26.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +17+19.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста