Дар боғи ботаникии шаҳри Душанбе товусҳо маскан гирифта, айни замон 55 товус атрофи амфитеатри воқеъ дар «Боғи Ирам» сайругушт доранд.
Директори боғи ботаникӣ Маҳмадраҳим Юсуфов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки товусҳоро ба боғ як соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд туҳфа кардааст, вале аз ифшои номи ин соҳибкор худдорӣ варзид. «Товусҳо дар қафас нигоҳдорӣ намешаванд ва озодона сайругашт мекунанд. Ду корманди боғ онҳоро нигоҳбуин ва назорат мекунанд», - гуфт ӯ.
Қобили зикр аст, ки имсол ҳам чун солҳои пешин дар «Боғи Ирам» ҷашни гулҳо гузаронида шуда, соли ҷорӣ дар ин боғ ба маблағи умумии 180 ҳазор сомонӣ 182 ҳазор бех 86 навъи гули шинонида шуд, онҳо аз Голландия оварда шуданд. «Ҳама ин гулҳо пурра ба шароити обуҳавои Тоҷикистон мутобиқ шуданд», - итминон дод Юсуфов.
Ба қавли ӯ, дастрасии гули лола «хеле гарон» меафтад. «Соли оянда ҳатман гулҳои лолаи гибридӣ шинонидан зарур аст ва аз ин рӯ, соли оянда мо аз Голландия ду маротиба бештар гули лола хариданием», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста