Ба муносибати Рӯзи байнулмилалии озодии матбуот рӯзи 3-юми май дар Душанбе таҳти унвони «Озодии ВАО дар Тоҷикистон: дастовардҳо ва мушкилот» конфронси ҷумҳуриявӣ доир мегардад.
Ин чорабинӣ аз ҷониби Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ташкилотҳои журналистии ватанӣ ва як қатор намояндагиҳои созмонҳои байнулмилалӣ бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар ҶТ, филиали Интернюс Нетворк дар ҶТ ва намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон созмон дода мешавад.
Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Қироншоҳ Шарифзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки барои иштирок дар ин конфронс беш аз 100 нафар роҳбарон ва намояндагони ВАО, мутахассисон ва коршиносони расонаҳои хабарӣ, кормандони мақомоти давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе даъват шудаанд.
Ба қавли Шарифзода, ҳадаф аз созмон додани конфронс таҳлили дастовардҳову мушкилот ва дурнамои рушди ВАО-и Тоҷикистон тайи соли ахир ва таҳияи тавсияҳо барои рушди озодии матбуот дар ҷумҳурӣ аст.
Дар конфронс оид ба мавзӯъҳои «Чолишҳои муосир дар бахши озодии матбуот» ва «Парвандаҳои судӣ нисбати ВАО: оқибатҳо ва тавсияҳо» маърӯзаҳо шунида шуда, атрофи ин масоил табодули назар сурат мегирад ва тавсияҳо омода мешаванд.
Аксари идораҳои ВАО-и ҷумҳурӣ пешниҳоди созмонҳои журналистӣ дар бораи баргузории иқдоми Лаҳзаи хомӯшӣ ба хотири ёдбуди журналистони қурбоншуда дар роҳи расидан ба озодии баён дар Тоҷикистонро дастгирӣ карданд. Пешниҳод шудааст, ки рӯи 3-юми май соати 09-45 дар шабакаҳои телевизиони ҷумҳуриявӣ ва радиову телевизионҳои маҳаллӣ Лаҳзаи (дақиқаи) хомӯшӣ эълон карда шавад.



Хабарҳои зиддунақиз дар бораи кушта шудани Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймонӣ
“Фикр кардам корманди бонк аст ва рамзро гуфтам”. Қаллобон чӣ тавр пули сокинонро аз ҳамёну суратҳисоб медузданд?
Гӯсфанди Ғурм, бузи Морхӯр ва хирси тиёншонӣ. Шикори кадом ва чанд ҳайвони нодир дар кишвар иҷоза дода шуд?
“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?
Маоши миёнаи кормандон дар Тоҷикистон дар як соли ахир 17,3% афзудааст
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста