Бо ибтикори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон Шӯрои миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушд таъсис дода шуда, ҳадаф аз таъсиси Шӯро, вусъат бахшидани ҳамкорӣ вобаста ба аҳолӣ ва рушд байни вакилони парлумон, сохторҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои татбиқ намудани барномаи амали Конфронси байналмиллали оид ба аҳолӣ ва рушд (МКНР) мебошад.
Бино ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди аҳолӣ (UNFPA), Шӯрои номбурда дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таъсис дода шуда, вакилони Маҷлиси намояндагон, кормандони масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ ва дигар оҷонсиҳоро дар бар мегирад.
Мақсади таъсис додани Шӯро ин густариш додани ҳамкории байнисоҳавӣ барои коркард ва ҷорӣ кардани қонунгузорӣ ва қарорҳои расмӣ, муайян ва иҷро намудани масъалаҳои якчоя барои пеш бурдани мавзӯъҳо вобаста ба аҳолӣ ва рушд, назорати якҷояи иҷроиши қонунгузорӣ дар ин соҳа мебошад. Фаъолияти Шуро инчунин ба баланд бардоштани маълумотнокӣ ва пурзӯр намудани назорати парлумонии раванди пиёда намудани ҳадафҳои МКНР мусоидат менамояд.
Боиси зикр аст, ки як қатор ҷумҳуриҳои минтақаи Осиё барои баррасӣ ва қабули қарор ҷиҳати мусоидат намудан ба масоили баррасишаванда дар ҳамоишҳои ташкилотҳои мазкур дар сатҳи парлумони кишварҳояшон Кумитаҳои миллии доимоамалкунанда таъсис додаанд. Дар Тоҷикистон Шӯро бори аввал намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро баҳри пеш бурдани ҳуқуқхои ҳар як шахс ба ҳаёти сазовор ва ҳуқуқхо ва имкониятҳои баробар муттаҳид гардонид.
Чи тавре ки Хайринисо Юсуфӣ - Роҳбари Шӯро, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ зикр намуд «Таъсисдихии Шӯрои миллӣ махсусан дар арафаи 20 солагии қабули Барномаи амалиёти МКНР, ва инчунин, дар вақте, ки баҳодиҳии умумиҷаҳонии дастовардҳои Ҳадафхои Рушди Ҳазорсола баргузор шуда истодааст, аҳамияти бузург дорад. Шӯрои миллии ҶТ оид ба аҳолӣ ва рушд дар ҳамкорӣ бо шарикон барои саҳми арзанда гузоштан дар иҷроиши ин Барнома, дигар стратегияҳои глобалӣ ва миллӣ бо максади беҳгардонии ҳаёти ҳар як шаҳрванди ҷумҳури фаъолона амал хоҳад кард».
Конфронси байналмиллалӣ оид ба аҳолӣ ва рушд (МКНР) аз 5-ум то 13-уми соли 1994 дар шаҳри Қоҳира баргузор гардида, дар натиҷаи он Барномаи амал барои 20 соли оянда қабул гардида буд. Дар Конфронси Қоҳира намояндагони 179 мамлакати ҷаҳон созишномаеро оид ба коркарди нақшаи таъсирбахш вобаста ба кохиш додани сатҳи камбизоати, таъмини ҳуқуқхои баробар ба занон ва ҳифзи солимии репродуктивӣ ва инчунин дохил намудани масъалаҳои демографиро ба нақшаҳои рушд қабул намуданд.
Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди аҳолӣ (UNFPA) - ташкилоти байналмиллалӣ оид ба масъалаҳои рушд аст ва барои бунёди оламе, ки дар он ҳар як ҳамл матлуб, ҳар як тавлид бехатар ва иқтидори ҳар як ҷавон ба пуррагӣ амалӣ мегардад, кӯшиш ба харҷ медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста