Вазъи солимии сарбози латукӯбшудаи тоҷик Шаҳбол Мирзоев рӯ ба беҳбудӣ меорад.
Тавре ба «Азия-Плюс» Нуъмон Мирзоев, падари сарбоз тариқи телефон аз шаҳри Красногорски вилояти Маскав хабар дод, табибони госпитали ҳарбӣ рӯзи 5-уми май муддати 5 соат сутунмӯҳра ва гардани сарбозро ҷароҳӣ намуда, аз ояндаи нек умедворӣ мекунанд.
«Ба нишастани ӯ табибон иҷозат доданд, ҳарчанд муддати 2 моҳ ӯ хобида, мустақилона ҳаракат карда наметавонист. Маблағи хароҷот дар госпитал аллакай ба 370 ҳазор рубли русӣ расида, боз пули ҷарроҳии гаронарзишро низ пардохт мебояд кард», - гуфт Н.Мирзоев.
Қаблан сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев низ ба бемористони ба номи А.А. Вишневскийи Вазорати мудофиаи Русия дар шаҳри Красногорски вилояти Москва рафта, Шаҳбол Мирзоев, сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро, ки барои ҷарроҳӣ ба Маскав оварда шудааст, аёдат кард.
Падари сарбоз барои ба Русия бурдани писараш маҷбур манзили истиқоматиаш дар ноҳияи Аштро фурӯхт. Табибони Русия изҳор доштаанд, ки, ки зимни чунин ҷароҳатҳо ҷарроҳӣ ҳатмӣ аст ва ба анҷоми муваффақонаи он кафолат додаанд. Арзиши пешакии ҷарроҳӣ дар дармонгоҳи Русия беш аз 400 ҳазор рубли русӣ (зиёда аз 11 ҳазор $)-ро ташкил медиҳад, аммо арзиши ниҳоӣ пас аз муоинаи сарбоз маълум мешавад.
Ёдрас мекунем, ки гурӯҳи табибон аз Эрон барои гузаронидани ҷарроҳии сутунмуҳраи сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоев, ки рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ бар асари лату кӯб аз ҷониби фелдшери қисми ҳарбии 2026 воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳат бардошта буд, ба Тоҷикистон наомаданд.
Сабаби ба Тоҷикистон наомадани онҳо ба суратҳисоби дармонгоҳи Сино интиқол нагардидани беш аз 56 ҳазор сомонӣ маблағи зарурӣ барои хароҷоти ҷарроҳии сарбоз аз ҷониби қисми низомии 2026 унвон шуда буд.
Нарзулло Расулов, муовини сардори ситоди госпитали марказии нерӯҳои мразбонии ҶТ мутмаинона изҳор карда буд, ки Шаҳбол Мирзоев ба ҷарроҳӣ ниёз надорад ва мутаносибан ба интиқоли маблағи пулӣ низ ҳеҷ зарурате нест.
«Шаҳбол Мирзоев ба ҷарроҳӣ ниёз надорад. Сарбозро 12 нафар профессорон муоина мекунанд ва ба гуфтаи онҳо, осебҳои сутунмуҳра дар қисмати гардан аллакай шифо ёфта истодаанд. Дар саросари дунё ин гуна беморон ҷарроҳӣ намешаванд. Рӯзҳои наздик мо бо гурӯҳи табибон аз Эрон машварат баргузор намуда, ба хулосаи ягона мерасем», - иброз дошт Расулов.
Аввали моҳи март сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо лату кӯб карда, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Чанде қабл як гурӯҳи шаҳрвандони ташаббускори Тоҷикистон ба хотири дастгирии сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев пешниҳод карданд, ки доранд, ки барои анҷом додани ҷарроҳии сутунмӯҳраи сарбоз аз воситаҳои худӣ маблағи зарурӣ ҷамъоварӣ карда шавад. Рӯзи 17-уми апрел дар «Агроинветсбонк» ба номи сарбоз суратҳисоб кушода шуда, хоҳишмандон мувофиқи имкон метавонанд ба он маблағ гузаронанд.




Гӯсфанди Ғурм, бузи Морхӯр ва хирси тиёншонӣ. Шикори кадом ва чанд ҳайвони нодир дар кишвар иҷоза дода шуд?
“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?
Маоши миёнаи кормандон дар Тоҷикистон дар як соли ахир 17,3% афзудааст
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2026
Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста