Имрӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) кумакпулӣ супурда шуд.
Чорабинии мазкур дар ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа доир гардида, намояндаи Дастгоҳи президент Одинашоҳ Вализода ба ҳар кадоме аз 15 нафар собиқадорони ҶБВ дар ҳаҷми 1 ҳазор сомонигӣ кумакпулӣ супурд.
Дар навбати худ раиси Шӯрои собиқадорони ҶБВ ва меҳнати шаҳри Қӯрғонтеппа Абдувоҳид Шодиев барои таваҷҷуҳи хосса ба онҳо ба президенти кишвар ва ҳукумати ҷумҳурӣ миннатдорӣ изҳор кард. «Дар посух ба ин ғамхорӣ мо тамоми нерӯямонро барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ равона хоҳем кард», - гуфт ӯ.
Муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Солеҳамо Қосимова ба хабарнигори «Азия-Плюс» дар ин робита зикр кард, ки дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи Ғалаба ба иштирокчиёни ҶБВ ва собиқадорон аз ҷониби ҳукумати шаҳр низ кумакпулӣ дода мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста