Дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, субъектҳои хоҷагидорӣ, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.
Ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа, дар радифи баррасии вусъати тадбирҳо бобати амалисозии барномаҳои тасдиқгардидаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли ҷорӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи масъулинро ба татбиқи нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҶТ, тавсеаи иқдомоти шаҳрдорӣ дар ҷодаи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, омодагиҳо ҷиҳати истиқболи сазовор аз Рӯзи Ваҳдат, 23 - солагии соҳибистиқлолии кишвар, 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонун)-и ҷумҳурӣ ва дигар чорабиниҳои марбута нигаронид.
«Баҳри тақвияти омодагиҳо ба ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе, афзудани дастовардҳои меҳнатию озодагӣ ва ободии ҳар як хонадон ва маҳаллаву шаҳрак раиси пойтахт дастур фармуд, ки шуруъ аз 14 май то 31 августи соли ҷорӣ ҳар чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа рӯзҳои шаҳр ва ноҳияҳои пойтахт дар шаҳраку маҳаллаҳо баргузор карда шаванд», - омадааст дар хабари мақомоти шаҳрдорӣ.
Гуфта мешавад, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои марбут ба назорати сифати оби нӯшокӣ баҳри таъмини амнияти истеъмолии сокинон, вазъи санитарию экологӣ, таъмир ва нигаҳдошти роҳҳо, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, ҳолати татбиқи барномаҳои сохтмонӣ, истифодаи таъинотии моликияти коммуналӣ, иҷроиши буҷету ҷамъоварии андоз низ баррасӣ шуданд.
«Нисбати ғановати бозори истеъмолии шаҳр ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, директорони бозорҳои коммуналӣ ва раисони ноҳияҳоро бобати ҳамкориҳо бо роҳбарони бозорҳои хусусӣ вазифадор намуд, ки баҳри коҳиш додани болоравии нарх дар бозори истеъмолӣ хариду интиқоли маҳсулоти кишоварзии баҳориро аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои вилояти Хатлон ва тобеи марказ ба бозорҳои зертавозун вусъат бахшанд», - зикр мегардад дар хабари мақомоти шаҳрдории пойтахт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста