Субҳи рӯзи 9-уми май сатҳи об дар сойи Тебалайи Кӯлоб аз меъёр хеле зиёд шуда, ду садди муҳофизатиро рахна кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» раиси ҷамоати Кӯлоб Салим Бобохонов хабар дод, лозим омадааст, ки иштирок дар чорабиниҳои ҷашни Иди Ғалабаро мавқуф гузошта, «рӯзи мубориза бо оқибатҳои офати табиӣ эълон карда шавад».
Ба гуфтаи ӯ, қувваи обу лойқа то ҳадде пурзӯр будааст, ки плитаҳои муҳофизатии оҳану бетонии 3-8 тоннагӣ чун картон рахна шудаанд.
«Вале ҳамин плитахо суръати маҷрои обу лойқаро паст намуда, аз ин рӯ, мардум ва манзилҳои зист осеб надиданд. Танҳо дар баъзе ҷойҳо соҳил шуста шуда, як майдони кишти гандум низ зарар дид», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли номбурда, таҳти раҳбарии ситоди шаҳрии ҲФ ва МГ бо ҷалби техникаи махсуси корхонаҳои гуногуни шаҳр дарҳол корҳои барқарор сохтани саддҳои муҳофизатӣ оғоз гардида, ширкати «Фароз» ба ҷойи ҳодиса як экскаватори пуриқтидорро сафарбар намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста