Маркази исломии Тоҷикистон барои имомхатибони кишвар давраҳои омӯзишӣ барпо мекунад.
Тавре ба «Азия-Плюс» раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода хабар дод, нахуст имомхатибони масҷидҳои пойтахт ба давраҳои омӯзишӣ фаро гирифта мешаванд. «Гурӯҳҳо аз 25-30 нафар иборат буда, машғулиятҳо муддати як ҳафта идома меёбанд», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли ӯ, мавзӯъҳои машғулиятҳо нозукиҳои ақида ва мазҳаби Абӯ Ҳанифаро дар бар мегиранд, то ки имомхатибон аз мазҳаби худ хубтар огоҳ гардида, аз китобҳои мутобиқ ба мазҳаби ҳанафӣ истифода кунанд.
Дар ҳамин ҳол, айни замон санҷиш (аттестатсия)-и солонаи имомхатибон низ ҷараён дорад. Ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ, санҷиши ҳамасолаи имомхатибон барои хулосагирӣ аз сатҳи касбии онҳо зарур аст. «Дар масҷид ҳазорон нафар ибодат мекунанд, аз ин рӯ, имомхатиб бояд шахси босаводу огоҳ бошад», - зикр кард ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки Кумитаи мазкур дастур барои имомхатибон ба нашр расонидааст, ки аз 50 мавзӯъ иборат буда, имомхатибон метавонанд онро дар маъвизаҳояшон истифода кунанд.



Аз тасдиқи кушта шудани вазири истихбороти Эрон то ҳамлаҳо ба таъсисоти нафтии Қатар, Арабистон ва Иморот
Аз “Хоби сурх”-у “Автобус” то “Муҷассамаи ишқ”. Дар “Тоҷикфилм ТВ” кадом филмҳоро метавон тамошо кард?
Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд
Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон
Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе - Хуҷанд баланд шудааст?
Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 50
“Худоё, ба хайркунанда подош бидеҳ!”. Посух ба муҳимтарин саволҳо дар бораи фитри рӯза ва садақаи ҷория дар Рамазон
Давоми 5 соли наздик ба Тоҷикистон барои рушди соҳаи нақлиёт 2 млрд доллар лозим аст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 марти соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста