Бо кӯмаки лоиҳаи шабакавии «Инкишофи барвақтии кӯдакон »-и Институти «Ҷомеаи Кушода»-и Британияи Кабир ва барномаи «Омӯзиш ва парвариши барвақтии кӯдакон»-и Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон гузаронидани як қатор бозомӯзиҳо дар мавзӯи “Дахолати барвақтии кӯдакон” ба нақша гирифта шудааст.
Тавре аз шуъбаи Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд, бозомӯзии аввал аз 12 то 14-уми майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе, дар маркази тиҷоратии «Вефа» барои намояндагони сохторҳои давлатии ҳокимияти маҳаллӣ, муассисаҳои таълимии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва мутахассисони соҳаи рушди барвақтӣ ва парастории кӯдак дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ баргузор мегардад.
Ба иттилои манбаъ, мақсади асосии гузаронидани ин бозомӯзиҳо аз он иборат аст, ки мутахассисони ватанӣ омода карда шаванд ва фаъолиятҳои марбут ба кӯмаку дастгирии оила ва муассисаҳое, ки битавонанд таълим ва рушди беҳтари кӯдакро аз синни бармаҳал таъмин кунанд, ташкил карда шаванд.
Зимнан зикр гардид, ки бозомӯзиро Тоби Лонг, - профессори донишгоҳи Ҷорҷтауни ИМА, ки мутахассиси соҳаи физиотерапевтика аст, мегузаронад. Тоби Лонг дар масъалаи кор бо кӯдакони синну соли бармаҳал ва оилаҳои онҳо, дахолатҳо аз синну соли бармаҳали кӯдакон таҷрибаи калон дорад. Ӯ инчунин, ба ҳайси тренер ва мушовир метавонад масъалаҳои марбутаро муҳокима намуда, бо боварӣ ва фаҳмиши комил ба саволҳои зиёди соҳаи мазкур ҷавоб диҳад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста