Дар «Гузориши глобалӣ дар бораи вазъ дар бахши машрубот ва солимӣ дар соли 2014»-и Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) зикр мегардад, ки соли 2012 дар саросари ҷаҳон бар асари истеъмоли зарароовари машрубот 3,3 млн. нафар ба ҳалокат расидаанд.
Дар гузориши тозаи СҶТ хусусият ва омилҳои муҳими истеъмоли машрубот дар 193 кишвари узви Созмон ва таъсири машруботи спиртӣ ба солимии аҳолӣ мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифтаааст.
«Ҳамин тавр аст, ки дар ҷаҳон ҳар як даҳ сония бар асари истеъмоли барзиёди машрубот нафаре ба ҳалокат расида, майпарастӣ хатари гирифторӣ ба 200 беморӣ, аз ҷумла мушкил шудани ҷараёни бемориҳои сироятиро низ дар пай дорад», - қайд мешавад дар гузориш.
Гуфта мешавад, ҳар як шахси синнусоли 15-сола ва аз он болотар ҳамасола 6,2 литр спирти тоза истеъмол мекунад, вале дар асл машруботро камтар аз нисфи аҳолӣ (38,3%) истеъмол мекунанд ва ин маънои онро дорад, ки шахсони истеъмолкунандаи машрубот ҳамасола ҳудуди 17 литр спирти тоза истеъмол мекунанд.
Коршиносони СҶТ қайд кардаанд, ки аз рӯи истеъмоли машрубот Аврупо пешсаф буда, сатҳи истеъмоли машрубот ба ҳар сари аҳолӣ дар ин қитъа аз ҳама баландтар аст.
Бино ба маълумоти гузориш ҳиссаи миёнаи истеъмоли машрубот дар Тоҷикистон 2,8 литр, Қирғизистон ва Туркманистон – 4,3 литрӣ, Ӯзбекистон – 4,6 литр ва Қазоқистон – 10,3 литрро ташкил додааст.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳиссаи миёнаи истеъмоли машрубот дар Белорус – 17,5; Молдова – 16,8; Литва – 15,4; Русия – 15,1; Украина – 13,9; Гурҷистон – 7,7; Арманистон – 5,3; Озарбойҷон – 2,3; Эрон – 1; Афғонистон – 0,7 ва Покистон – 0,1 литрро ташкил додааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста