Шурӯъ аз шоми имрӯз то 25-уми май аз соати 18 то 23 ҳаракати нақлиёт дар майдони марказии пойтахт - «Дӯстӣ» манъ карда мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ин вақт дар майдон машқи гузашти низомии ахири моҳи май пешбинишуда ба муносибати 20-умин солгарди таъсиси нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон доир мегардад.
Ёдрас мекунем, ки ин гузаштаи низомӣ бо иштироки беш аз 10 ҳазор афсарону сарбозони Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ, ВКД, Вазорати мудофиа, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Гвардияи миллии ҷумҳурӣ ва ҳамчунин Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ баргузор мешавад.
Ба гузашти низомӣ фармондеҳи гарнизони Душанбе генерал-майор Бахтиёр Рӯзминшоев сарварӣ карда, гузаштро фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ қабул мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста