ҶСК «Межрегиональный транзиттелеком» (МТТ) дар бораи роҳандозии оператори нави виртуалии алоқаи мобилӣ Aiva Mobile дар реҷаи озмоишӣ хабар дод, ки барои муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ, аксаран аз Осиёи Марказӣ пешбинӣ шудааст.
Бино ба иттилои Газета.Ru, шарики МТТ ширкати МТС шудааст, ки барои лоиҳа зербинои дастрасии радиоии мобилиро пешниҳод намудааст. Кишвари аввалине, ки дар он Aiva Mobile роҳандозӣ шуд, Тоҷикистон аст. Дар як SIM-корти Aiva Mobile муштарӣ дар як вақт бо ду рақами фаъол – тоҷикӣ ва русӣ таъмин мегардад. Аз ҳарду рақам метавон ба ҳар кадоме аз кишварҳо занг зад ё зангро қабул кард.
«Аудиторияи ҳадафноки Aiva Mobile ҷамоатҳои этникии кишварҳои пасошӯравӣ, дар навбати аввал кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, ки намояндагони онҳо дар Русия машғули коранд. Нахустин кишваре, ки оператори нав дар он бо мақсади тиҷорат мавриди истифода қарор мегирад, Тоҷикистон мебошад», - хабар медиҳад бо истинод ба хадамоти матбуотии ММТ портали иттилоотии «Россия для всех».
Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия 1,1 млн. нафарро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, соли гузашта 800 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муҳоҷиратро ихтиёр кардаанд. Аз шумори умумии муҳоҷирони тоҷик дар хориҷи кишвар 90%-ашон дар Русия қарор доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста