Хадамоти консулгарии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия се нафар кӯдакони хурдсоли тоҷикро, ки қаблан аз тарбияи онҳо падару модаронашон рӯй гардонида буданд, аз Маскав ба Душанбе фиристод.
Тавре ба «Азия-Плюс» корманди намояндагии дипломатии тоҷикистон дар Маскав Ҳабибулло Каримов хабар дод, рӯзи чоршанбе тариқи хатсайри ҳавоии Маскав – Душанбе Оксана Давлатшоеваи 1,5-сола, Умар Исматуллоеви 1-сола ва Маҳина Мирзойироваи 3-сола ба ватан фиристода шуданд.
«Инҳо кӯдаконе мебошанд, ки волидайнашон аз тарбияи онҳо рӯй гардонидаанд. Ба туфайли гуфтушуниди тӯлонии Консулгарии аафорат бо мақомоти дахлдори Русия онҳо ба ватан баргардонида шуданд», - гуфт Каримов.
Ба қавли номбурда, то ин дам ин кӯдакон дар хонаҳои кӯдакони шаҳри Маскав ба нигоҳубину тарбия фаро гирифта шуда буданд.
Бино ба маълумоти Хадамоти федуралии муҳоҷирати Русия, ба санаи 4-уми майи соли равон ҳудуди 1 млн. 138 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштанд, ки 962,5 ҳазор нафарашонро мардон ва беш аз 175,4 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста